Неймар дар бораи ҷаннату дӯзахи Месси

Футболбози беҳамтои брализиягӣ Неймар дар як суҳбати ихтисосӣ дар бораи Месси ва муносибат бо ӯ фикрашро баён кард.

— Месси бо мунтахаби Аргентина ғолиби Чемпионати ҷаҳон гардида, худро дар биҳишт ҳис кард. Ва дар ҳамин замон дар ҳайати бошгоҳи “ПСЖ” худро дар ҷаҳаннам ҳис мекард, ки ин дардҳоро ҳамроҳ таҳаммул мекардем,- гуфт ӯ.

Футболбоз мегӯяд, вақте ки Месси тасмими аз “ПСЖ” рафтанро гирифт, хурсанд шудааст. Ҳамчунин, ба фикри ӯ ҳамон тавре ки бояд корномаашро дар даста хотима медод, надод.

— Мо ҳардуямон ба мақсад нарасидем. Аслан, мо барои қаҳрамон шудан ҳамроҳ шуда будем, вале дар Париж таърих сохта натавонистем,- мегӯяд футболбоз.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *