Аз ҷарима ба меҳнати маҷбурӣ. Ҷодугарону фолбинҳоро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст?

Дар Тоҷикистон шахсоне, ки ба ҷодугарӣ, фолбинӣ ва таълими ғайриқонуни динӣ машғул мешаванд, минбаъд нисбаташон ҷазо дар шакли меҳнати маҷбурӣ то 6 моҳ таъйин карда мешавад.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ҳоло вобаста ба ин дар қонунгузории Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ тағйиру иловаҳо ворид шуда истодаанд.

Ҳамзамон, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯйхати шахсонеро, ки ба сеҳру ҷоду, таълими ғайриқонунии динӣ ва додани тумору таштоб машғуланд, тартиб медиҳад.

То ин дам барои машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ муҷозот дар шакли ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2800 то 3600 сомонӣ барои ҳисобҳо пешбинӣ шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *