Кӯмаки Тоҷикистон ба зарардидагони Қазоқистон

Бо дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз офатҳои табиии рӯзҳои охир зарардидаи Ҷумҳурии Қазоқистон кӯмаки башардӯстона фиристода шуд.

Он аз хӯрокворӣ, оби нӯшокӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва болопӯши хонаҳо иборат мебошад ва дар маҷмуъ беш аз 3 ҳазору 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ки  18 апрел кӯмаки башардӯстона аз шаҳри Душанбе тариқи қатора дар 50 вагони боркаш ва аз шаҳри Хуҷанд тавассути 11 вагону 13 мошини боркаш ба самти Қазоқистон дар ҳузури намояндагони масъули Тоҷикистон ва Қазоқистон ба роҳ баромадааст.

​Сохтору мақомоти дахлдори Тоҷикистон барои то қаламрави Қазоқистон расонидани кӯмаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шудаанд.

​Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи обхезӣ дар панҷ минтақаи Қазоқистон  4870 бинои истиқоматии сокинони ин минтақаҳо зери об монда, ба иқтисодиёти ин кишвар хисороти зиёд расид.

​Аз оғози обхезӣ 100 ҳазор нафар, аз ҷумла зиёда аз 38 ҳазор кӯдакон наҷот дода шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *