Аз 1 апрел тарифҳои истифодаи барқ дигар мешавад
Аз 1-уми апрели соли 2025 арзиши истифодаи неруи барқ боло меравад. Дар ин бора 11 март қарори Ҳукумати мамлакат имзо шудааст.
Дар асоси ин қарор аҳолӣ барои ҳар 1 киловат соат неруи барқ 35,36 дирам месупоранд.
Қаблан Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки таклифи тағйирот ба тарофаҳои истифодаи неруи барқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод шудааст.
Ба гуфтаи Сафаралӣ Қурбонзода, пешниҳоди дахлдор аз ҷониби “Барқи тоҷик” ба Хадамоти зиддинҳисорӣ ворид шуда, Хадамот ин масъаларо баррасӣ карда, ҷиҳати баланд бардоштани арзиши тарофаҳои истеҳсоли неруи барқ таклифҳоро пешниҳод намудааст. Ба гуфтаи ӯ, мактуби марбута аз ҷониби Вазорати энергетика ва захираҳои об аллакай ба Ҳукумати кишвар ирсол гардид.


Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ