Дар Тоҷикистон нархи барқ боло меравад

Тарофаи истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон, корхонаву ширкатҳо 16 дарсад гарон мешавад. Қиммати барқ аз оғози соли 2024 амалӣ мегардад. Аз  26,51 дирами кунунӣ барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам боло меравад.

Барои ин Қарори Ҳукумати Тоҷикистон №546 аз 29-уми ноябри соли 2023 қабул шудааст ва дар асоси он тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ барои тамоми истифодабарандагон, аз ҷумла сокинон 16 дарсад зиёд мешавад.

Бояд гуфт, ки қиммати барқ барои ҳамаи категорияҳои истифодабарандагон, ғайр аз Ширкати “Талко” 1-уми октябри соли 2022 боло бурда шуданд. То имрӯз аҳолии кишвар барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 26,51 дирам пардохт мекунанд.

Гарон шудани нерӯи барқ дар ҳолест, ки ҳоло дар бештари манотиқи кишвар лимити барқ ҷорист ва аҳолӣ дар як рӯз то 8 соат барқ мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *