Мусодираи беш аз 480 ҳазор маводи пиратехникӣ дар арафаи Соли нав

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз дарёфту мусодираи зиёди маводҳои тарфгарӣ хабар дод.

Ҳамчун гумонбар шаҳрвандон:

Назаров Некрӯз Сунатуллоевич, санаи таваллудаш 31.12.1993,

Муҳиддинов Зоҳир Тоҳирович, санаи таваллудаш 30.12.1993,

Меликов Баҳрулло Абдурашидович, санаи таваллудаш 19.01.1993,

Мирзоев Бахтиёр Маҳмадсаидович, санаи таваллудаш 23.12.1993,

Баротов Абдулло Ибодуллоевич, санаи таваллудаш 27.06.1995,

Муродов Ардашер Рамазонович, санаи таваллудаш 28.10.1997 дастгир карда шуданд.

Зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки гумонбаршаванда Назаров Некрӯз маводҳои тарфгариро аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе ворид намуда, бо ҳамроҳии дигар ҳаммаслакони худ аз фурӯш ва паҳнсозии он фоида ба даст оварданӣ будаанд.

Ҳангоми кофтуков аз автомашинаи номбурда тамғаи «Лексус», 2201 QQ 01, дар 816-қуттӣ дар ҳаҷми 489600-дона маводҳои тарфгарии-тарконакҳои навъи «Трения с новым годом» мусодира карда шуданд.

Инчунин, дар идомаи коркардҳои оперативӣ-ҷустҷӯӣ шаҳрванд Самадов Аминҷон Зарифҷонович, санаи таваллудаш 27.02.1999, истиқоматкунандаи вилояти Суғд, ноҳияи Б.Ғафуров дастгир карда шуд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар анборхонаи худ оташфаввораҳои дастгиршуда-Назаров Некрӯзро пинҳон кардааст, ки зимни кофтуков дарёфту мусодира карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *