Аз 1 январ Туркманистон ба Эрон газ надода истодааст

 

Баъди он, ки Эрон эълом кард, ихтилофҳо бо Туркманистонро дар мавриди қарзҳои газ ҳал кардааст, рӯзи якшанбе Ширкати миллии гази Эрон эълон кард, ки Ишқобод содироти газ ба Эронро қатъ кардааст. Тибқи баёнияе, ки шаби якшанбеи 1 январ дар сайти расмии Ширкати миллии гази Эрон мунташир шудааст, Туркманистон «бо вуҷуди созиши ҳосилшуда», содироти газ ба Эронро ба таври комил қатъ кардааст.Ин гузориш мегӯяд, ки бар асоси қарордоде, ки аз 20 соли пеш миёни Ширкати миллии гази Эрон ва ширкати «Туркмангаз» имзо шуда шуда буд, минтақаҳои шимолии Эрон бо гази Туркманистон таъмин мешуданд. Эрон соли гузашта ҳудуди 9 миллиард метри мукааб аз Туркманистон газ дарёфт карда буд ва ин рақам назар ба як соли пеш аз ин, ду баробар зиёд будааст.Тибқи гузориши Ширкати миллии гази Эрон, «дар тӯли ин муддат аз тарафи ширкати туркманӣ гоҳ-гоҳ рафторҳое хилофи қарордод сар задааст, ки муҳимтарини он қатъи ҷараёни газ дар авҷи сармои соли 2008 буд, ки мутаассифона сабаби пазируфтани хостаҳои номаъқули ширкати «Туркмангаз» ва афзоиши 9 баробари қимати газ шуд».Пеш аз соли 2008 қимати гази содиротии Туркманистон ба Эрон ҳудуди 40 доллар барои 1000 метри мукааб буд. Расонаҳои Эрон мегӯянд, ки Туркманистон иддао дорад, ки Эрон барои воридоти газ дар солҳои 2008 ва 2009 аз он кишвар 1,8 миллиар доллар қарзи газ дорад, аммо Эрон ин рақамро қабул надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *