Аз $300 миллион ба 1 миллиард. Интизориҳо аз сафари Президенти Эрон ба Тоҷикистон
Нимаи дуюми моҳи январ Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Душанбе мешавад. Ин аввалин сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон аст ва дар ҳошияи он мулоқоти роҳбарони баландпояи ду давлат, ҳайатҳои расмӣ ва имзои чанд санад пешбинӣ шудааст.
Барномаи сафар
Тавре иттилоъ пайдо кардем, дар доираи ин сафар як ҳайати баландпоя иборат аз соҳибкорону тоҷирони эронӣ низ ба Душанбе меоянд ва бо ҳамтоёни тоҷики худ масъалаи ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард.
“Дар доираи сафари Президенти Эрон ба Тоҷикистон ҳамзамон 15-16-уми январи соли равон як ҳайати бузурги тоҷирони эронӣ бо роҳбарии раиси Утоқи бозаргонӣ, саноеъ, маодину кишоварзии Эрон вориди шаҳри Душанбе мешаванд”,- навиштааст сомонаи Утоқи бозоргонӣ, саноеъ, маодину кишоварзии Эрон.
Барномаҳои пешбинишуда фарогири баргузории ҳамоиш ва нишастҳои тиҷоратӣ дар сатҳи B2B бо ҳузури ширкатҳо ва мақомоти Тоҷикистон, боздид аз марказҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, баргузории нишаст дар сафорати Эрон хоҳад буд.
Хабаргузории “ИСНА” навиштааст, ки як ҳайати баландпоя иборат аз табибони эронӣ низ дар доираи ин сафар ба Тоҷикистон меоянд. Онҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ дидор ва мубодилаи афкор мекунанд.
Чанде пеш Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон зимни мулоқот бо ду мансабдори баландпояи Эрон масъалаи бунёди Мактаби байналмилалии “Рӯдакӣ”-ро дар Душанбе баррасӣ карданд. Ин мактаби муштарак миёни Тоҷикистону Эрон аст.
Ба гуфтаи Зоҳидӣ, сохтмон ва фаъолияти Мактаби байналмилалии “Рӯдакӣ” ҳоло дар се самт — моликият, муҳтавои китобҳои дарсӣ ва мудирият бо мушкилоте рӯ ба рӯ аст. Аз ин рӯ, номбурда барои ҳалли ин мушкилот аз Алиризо Козимӣ, вазири омӯзиш ва парвариши Эрон хост, ки ин масъалаҳо ҳаллу фасл шаванд ва ин мактаб ҳарчи зудтар кушода шавад.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки Комиссияи муштараки ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон таъсис ёбад. Ғайр аз ин, миёни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз роҳандозии парвози мустақим пешбинӣ шудааст. Ҳоло танҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва Машҳад парвозҳои мустақим мавҷуданд.
Дар доираи сафари Масъуд Пизишкиён имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, кушодани маркази фарҳангӣ ва маркази саломатии Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон низ дар назар дошта шудааст. Дар мавзӯи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ду кишвар филми муштарак бо чанд забон ба навор гирифта мешавад.
Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон дар як нишасти матуботӣ гуфт, ки сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дурӯза буда, қарор аст нимаи дуюми моҳи январ сурат гирад.
“Ин сафари муҳимест ва қарор аст бо даъвати президенти Тоҷикистон анҷом шавад”,- гуфт Бақоӣ.
Исмоили Бақоӣ робитаи Тоҷикистону Эронро бисёр муҳим хонда, гуфт: “Робитаи мо бо Тоҷикистон робитаест тамаддунӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ”.
Албатта, ҳоло дақиқ нест, ки то куҷо масоили номбурда дар гуфтугӯи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён баррасӣ мешаванд. Аммо ба андешаи соҳибназарон, ин сафар дар равобити ояндаи ду кишвар такони бештар медиҳад. Зеро Тоҷикистону Эрон забон, фарҳанги ягона доранд ва ба иборае мисли “гӯшту нохунанд”, ки онро аз ҳам ҷудо кардан нашояд.
Пешрафти Эрон — пешрафти Тоҷикистон
Бояд гуфт, ки пас аз даргузашти Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ, моҳи июли соли 2024 Масъуд Пизишкиён ҷойгузини ӯ шуд. Дар маросими савгандёдкунии Пизишкиён Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат варзид. Бори дувум моҳи сентябри соли 2024 дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк бо ҳам вохӯрданд ва масъалаҳои амниятиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ миёни ду кишварро баррасӣ карданд.
Ба навиштаи хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ҷонибҳо аҳамияти иҷрои Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар то соли 2030, ҳамкориҳои амалӣ дар чаҳорчӯби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва ҷалби имконоти кумитаи муштараки сармоягузориро муҳим арзёбӣ намуданд.
Хабаргузории “ИСНА” аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён хабар дода, навишт, ки Президенти Эрон робитаҳои ду кишварро имтиёзнок ва дар такя ба пайвандҳои амиқи таърихӣ ва хешовандӣ тавсиф кард.
“Мо хоҳони тавсеа ва густариши робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо Тоҷикистон ҳастем”,- иброз дошт Пизишкиён.
Дар ин дидор Сарвари давлати мо Эмомалӣ Раҳмон ба таърихи қадим ва фарҳангу тамаддуни Эрон ишора карда, гуфт, ки “мо худро бахше аз ин тамаддуни бузургу ғанӣ медонем ва бар хилофи бадхоҳон пешрафту мувафаққияти Эронро пешрафту мувафаққияти худ медонем”.
Аввалин сафари Пизишкиён ба Тоҷикистон
Ҳоло Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бори аввал ба Тоҷикистон меояд. Пас аз чандин соли равобити сард миёни ду кишвар ва ба сари қудрат омадани Иброҳим Раисӣ, моҳи августи соли 2021 равобити ду кишвар аз нав оғоз шуд. Ба ибораи дигар, яхҳо об шуданд.
Соли 2021 гардиши мол то 120 миллион доллар афзоиш ёфт. Соли 2022 сармоягузории Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон ба ҳудуди 33 миллион доллар расидааст. Моҳи ноябри соли 2023 зимни сафари Раисӣ ба Душанбе ёддошт дар бораи лағви низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Эрон ба имзо расид. Аз 10-уми августи соли 2024 он эътибор пайдо кард. Шаҳрвандони ду кишвар метавонанд то 30 рӯз бидуни дарёфти раводид ба давлатҳои ҳамдигар сафар кунанд.
Тавре аз Сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, соли сипаришуда гардишти тиҷорат байни ду давлат ҳудуди 300 миллион доллар расид. Аммо ҳарду ҷониб мақсад доранд, ки ин рақамро то 1 миллиард доллар расонанд. То ин замон чанд лоиҳаи муҳим байни Тоҷикистону Эрон дар соҳаи нақлиёту энергетика анҷом шудаанд. Аз ҷумла, бунёди нақби “Анзоб” ва неругоҳи “Сангтӯда-2” бо саҳми Эрон бунёд шуданд. Теъдоди ширкатҳои тиҷоратии эронӣ низ дар қаламрави Тоҷикистон кам нестанд.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ