Аз 316,9 миллион сомонӣ 81,7 миллионаш рӯёнида шуд. Боқимондааш куҷо шуд?

Холдинги энержии Тоҷикистон аз ҳазорон мавриди «дуздӣ»-и нерӯи барқ дар кишвар гузориш дод.

Давоми 12 моҳи соли 2021 дар кишвар зиёда аз 26181 ҳолатҳои аз тарафи истифодабарандагон ғайриқонунӣ истифодаи неруи барқ ошкор шудааст,-мегӯяд ширкати «Барқи тоҷик».

Масъулини ин ниҳод зимни нишасти матбуотияшон дар ин бора ба хабарнигорон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми барқи ғайриқонунӣ истифодашуда дар ин давра зиёда аз 148,9 млн кВт/соатро ташкил додааст.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур гуфта мешавад, санадҳои дахлдор ба маблағи 54,3 миллион сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб зиёда аз 32,2 миллион сомонӣ ворид карда шудааст.

— Дар соли 2021 аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва шуъбаҳои ҳуқуқи филиалҳо ба 2931 муштариёни қарздор ба маблағи зиёда аз 316,9 миллион сомонӣ иддао пешниҳод карда шуда, аз ин ҳисоб 81,7 миллион сомонӣ маблағи қарз рӯёнида шудааст,- афзудааст ин ниҳод.

Талафоти энергияи барқ, дар маҷмуъ, соли 2021 дар инфрасохторҳои барқии шиддати баланд (дар зеристгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ) 746 миллиону 730 ҳазору 638 кВт/соат ё 3,58%-ро ташкил дод, ки ин нишондодҳо дар муқоиса бо соли 2020 ба миқдори 306 миллиону 542 ҳазору 482 кВт/соат ва ё 1,77% кам мебошанд.

Ин ниҳод мегӯяд, дар соли 2021 дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ШСХК “Барқи Тоҷик” ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 15 миллиарду 925,2 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2020 дар ҳаҷми 676,9 миллион кВт/соат зиёд буда, суръати афзоиш ба 104,4% баробар шуд.

Ҷамъоварии маблағи “Барқи Тоҷик” дар ин давра 3 миллиарду 113 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 1 миллиарду 152 миллион сомониро ташкил намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 385,1 миллион сомонӣ ё 14,1% зиёд ва аз ҳисоби аҳолӣ бошад, 63,5 миллион сомонӣ ё 5,8% зиёд гардидааст.

Нақшаи ҷамъоварии маблағи неруи барқ 93,5% ва аз ҳисоби аҳолӣ дар сатҳи 96,5% иҷро гардидааст.


 [R1]

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *