Чаро Калима Валиева хабарсоз шуд?

Ҳафтаи гузашта дар олами варзиш яке аз варзишгарони хабарсоз ин Камила Валиева, конкитози 15-солаи рус буд, ки бархеҳоро гирёнду бархеи дигарро баръакс.

Камила Валиева, ки чанде пеш ба вайронкунии қоидаҳои зиддидопингӣ гунаҳкор дониста шуда буд, зеро гуфта мешуд, натиҷаи санҷиши допингии Камила Валиева, ки дар моҳи декабр гирифта шудааст, маводи манъшудаи триметизидин ба андозаи андак ёфта шудааст.

Пас аз ин ҳодиса ҳарчанд Камила чанде дар сабқатҳои даставии конкитозӣ сазовори медали тилло шуда буд, эҳтимолан аз ҳаққи мубориза баҳри медалҳои тиллои рақобатҳои инфиродӣ маҳрум мешуд.

Вале ин тавр нашуд, пас аз чанд рӯзи хабарсозиҳо суди варзишии арбитражӣ (CAS) ба иштироки минбаъдаи варзишгари 15-солаи рус Камила Валиева ба сабқатҳои олимпӣ-2022 дар Пекин иҷозат дод.

Ҳамин тавр, шикоятномаҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО), Иттифоқи байналмилалии конкитозон (ISU) ва Агентии умумиҷаҳонии зиддидопингӣ (ВАДА)  баҳри маҳрум кардани Валиева аз ҳаққи иштирок дар Бозиҳои Пекин ҷавоби манфӣ гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *