Аз 6 то 10 000 сомонӣ. Озмун барои драмнависони Тоҷикистон

Шуруъ аз моҳи феврал то 1 сентябри соли 2025 дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии драмнависон баргузор мегардад.

Барои ғолиби ҷои якум – 10 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм – 8 ҳазор сомонӣ ва ҷои сеюм – 6 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Озмуни мазкур ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон доир карда мешавад.

Бино ба иттилои вазорати фарҳанг, асарҳои озмунӣ дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод шуда‚ бояд мавзуъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакатро дар замони истиқлол дар бар гиранд.

Инчунин, асарҳои бо забони русӣ ва узбекӣ таълифшуда бояд тарҷумаи касбӣ дошта бошанд.

“Озмун бо мақсади рушди драматургияи миллӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, ватандӯстӣ ва созандагию ободонӣ баргузор мегардад. Ҳамчунин, озмун барои муаррифии анъанаҳои хуби таърихию фарҳангӣ, пешгирии муқовимат бо коррупсия, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, таҳияи асарҳои баландмазмуни ватанӣ ва пурра гардидани репертуари театрҳои касбии мамлакат гузаронида мешавад”,-иттилоъ доданд аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image