Ҳушдори КҲФ ба сокинон

Аз 24 то 26 феврал дар Тоҷикистон борон ва барф меборад. Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз оқибатҳои номатлуби эҳтимолӣ огоҳ мекунад.

Ба иттилои кумита, мувофиқи пешгӯиҳои обуҳавошиносон, боришоти шадид метавонад ба ташаккули яхбандӣ ва ноаёнӣ дар роҳҳо, афзоиши хатари тармаҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ, инчунин обхезиҳо дар минтақаҳои пастӣ оварда расонад.

КҲФ шаҳрвандонро даъват мекунад, ки чораҳои эҳтиётӣ андешанд, аз сафарҳои дур, хусусан ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои номусоид эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳолати фавқулодда фавран ба хадамоти таъҷилӣ бо рақами 112 ё ба қисми навбатдори КҲФ муроҷиат кунед:
📞 (+992) 93 880 28 19
📞 223 13 11
КҲФ тавсия медиҳад, ки аз барномаи мобилии “SOS” истифода баред, ки дастурҳо оид ба амалҳои ҳолатҳои фавқулодда дорад ва барои ҳамаи корбарони дастгоҳҳои мобилӣ дастрас аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *