Аз 60 то 800 сомонӣ. Чаро туҳфаҳои солинавӣ дар Душанбе қиммат шуд?
Дар Душанбе дар остонаи таҷлили Соли нави мелодӣ давраи пурталотум барои фурӯши арча ва туҳфаҳои солинавӣ оғоз шудааст, вале сокинон мегӯянд, ки нархи арча назар ба соли қаблӣ гаронтар аст.
Арчафурӯши 30-солаи ҳамсуҳбати мо мегӯяд: «Агар чанд сол пеш баъзе гурӯҳҳо як ҳафта пеш аз Соли нав харидани арча ва туҳфаҳои солинавиро авлотар медонистанд, имсол аз аввали моҳи декабр ба таври қобили мулоҳиза афзоиши фурӯш мушоҳида мешавад”.
Вай қайд кард, ки ҳатто фурӯши лавозимоти солинавӣ, бахусус костюмҳои Бобои Барфӣ афзоиш ёфтааст. Аксари харидорон ҷавононанд.
— Имсол фурӯш хеле беҳтар шудааст. Ҳоло мардум арчаро асосан барои корхонаҳо ва боғчаҳо мехаранд. Фурӯши арча барои хона пас аз 20-уми декабр афзоиш хоҳад ёфт. Ба ҳар ҳол, эҳсосе ҳаст, ки Соли нав фаро мерасад,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Вале на ҳама сокинон имкони харидорӣ кардани арчаи солинавиро доранд. “Таҷлили Соли нав бидуни арча хуб намегузарад, вале бо нархҳое, ки онро мефурӯшанд, мо қодир ба хариданаш нестем”,- мегӯянд харидорон.
Мубина сокини пойтахт ва соҳиби панҷ фарзанд аст. Ӯ ният дорад, ки Соли навро бо фарзандонаш зери арчаи солинавӣ таҷлил кунад, аз фурӯшандагон хоҳиш мекунад, то нархҳоро барои мардум дастрас намоянд. Ӯ мегӯяд: “Арча дастрас аст, вале нархаш не”.
Фурӯғ Салимшоева дар маркази Душанбе арчаи солинавиро интихоб мекунад, аммо дар ҳайрат аст, ки кадомашро интихоб кунад, зеро нарх хеле гарон аст. «Бо вуҷуди он ки ин ҷашни мардуми тоҷик нест, мо ҳамасола онро дар атрофи арчаи солинавӣ ҷашн мегирем. Мо мисли Бобои Барфӣ либос мепӯшем ва ба аёдати хешу табор меравем»,- мегӯяд ӯ.
Солҳои охир дар ҷумҳурӣ Соли нави мелодиро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Шуруъ аз оғози моҳи декабр дар боғҳои пойтахт арчаҳои солинавӣ ороста шуданд.
Нархи арчаи солинавӣ дар шаҳри Душанбе
То як метр баландӣ — аз 60 то 800 сомонӣ
60 см — 135 сомонӣ
90 см — 195 сомонӣ
То ду метр баландӣ — аз 700 то 2500 сомонӣ
1,2 см — 275 сомонӣ
1,5 см — 595 сомонӣ
1,8 см — 755 сомонӣ
То се метр баландӣ — аз 2600 то 3000 сомонӣ
2,1 см — 875 сомонӣ
2,5 см — 1100 сомонӣ
2,8 см — 2400 сомонӣ
Омодасоз: Сумани УБАЙДУЛЛО
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ