Аз бекорӣ то изи ангушт. Мушкилоти муҳоҷирон дар даврони коронавирус

Пандемияи коронавирус вазъи иқтисодии кишварҳоро ба чолиш кашид. Дар ин давра махсусан, муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия қарор доранд, ба мушкилот рӯ ба рӯ шуданд. Аз як тараф бекорӣ ба онҳо таҳдид кунад, аз ҷониби дигар қоидаҳои будубошашон сангинтар мешавад.

Ҳазорон муҳоҷири бекор

Коршиносон миёни муҳоҷирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар бораи таъсири пандемия ба кору зиндагии онҳо дар Маскав назарсанҷӣ анҷом доданд.

Зимни назарсанҷӣ маълум шуд, ки 74 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми пандемия аз кор хориҷ ё ба рухсатии бардавоми меҳнатӣ бидуни пардохти маблағ равон карда шуданд.

Ҳамзамон зимни ин назарсанҷӣ маълум шуд, ки танҳо 40 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар даврони пандемия пул захира кардаанд. Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ 13 дарсади муҳоҷирони корӣ барои муҳлати дарозтар пули бештар захира кардаанд.

Хулосаи назарсанҷиҳо нишон дод, ки аксарияти муҳоҷирони бекормонда ба таври расмӣ кор намекунанд. Иҷозатномаи кор дошта бошанд ҳам, бо корфармо шартномаи меҳнатӣ набастаанд ва аз ҳамин сабаб дар даврони пандемия аз имтиёзҳо бархӯрдор нестанд.

Кор ҳаст, намераванд

Коршиносон мегӯянд, ки бештари муҳоҷирон мехоҳанд, ки дар Маскав монанд, ҳол он ки дар музофотҳои Русия имкони пайдо кардани кор бештар аст.

Зимни гуфтугӯ бо рӯзномаи “Комсомолская правда” раиси федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов, муҳоҷирон мехостанд пандемияро дар Маскав  паси сар кунанд, то барои кор ба кишварҳои мухталиф нараванд.

 “Бештар кор дар минтақаҳои гуногуни Русия дар соҳаи кишоварзӣ ба назар мерасад. Дар сомона беш аз 7-8 ҳазор нафар сабти ном шуда буд. Аз ҳамин ҳазорҳо нафар танҳо 40 нафар барои кор омодагии худро нишон доданд”, — таъкид дошт Коженов.

Вай илова кард, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав омода буданд бо хароҷоти ночиз бимонанд ва баъд аз маҳдудиятҳо ба кори пешина ё ба кори монанд баргарданд.

“Як одат шудааст, ки муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия барои кор кардани пул  меояд, то ки як қисми пули коркардаашро барои оилааш равон кунад. Аммо баъзеҳояшон дигар мақсад доранд. Онҳао ба Маскав меоянд ва мегӯянд: ман мехоҳам дар ин шаҳр бимонам ва ҳар коре бо ман кунед, ман аз ин ҷо  ҳеҷ куҷо намеравам”, —  таъкид кард раиси раиси федератсияи муҳоҷирони Русия.

Изи ангушт

Дар ҳоле ки бештари муҳоҷирон аз набудани ҷойи кор танқисӣ мекашанд, қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар Русия тағйир меёбад. Аз ин ба баъд Русия мехоҳад муҳоҷиронро бо гирифтани изи ангушташон назорат кунад.

Сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова, зимни як нишасти матбуотӣ чӣ гуна назорат шудани муҳоҷиронро шарҳ дод.

Валентина Казакова гуфт, ки тамоми технологияҳои нави мавҷуда аз ҷониби Раёсати муҳоҷират барои назорати омадани хориҷиён ба қаламрави Русия истифода мешаванд.

Сардори Сарраёсати муҳоҷират гуфт, ки муҳоҷирони зиёде, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, маълумоти муқаррарии худро тағйир додаву дубора меоянд.

Аммо, тавре Казакова қайд кард, маълумоти изи ангуштро фиреб додан мумкин нест.

Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки зарурати гузаштани изи ангушт ба тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки зиёда аз 30 рӯз меоянд, вуҷуд дорад.

Инчунин, барои ҳисоб кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки аллакай ба Русия ворид шудаанд, системаи шинохти чеҳра истифода мешавад.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки барои ҳамаи онҳое, ки ба Русия меоянд, инчунин ташхиси тиббӣ талаб карда мешавад.

Тамдиди сабукиҳо

Вале Валентина Казакова мегӯяд, ки эҳтимол сабукиҳо барои муҳоҷирон баъди моҳи сентябр низ идома меёбад.     

Суҳбати сардори Сарраёсати муҳоҷират аз тамдиди амали ҳуҷҷатҳо дар ҳолест, ки қаблан Владимир Путин, Раисҷумҳури Русия, бо имзои як фармон,  сабукиҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ дар марҳилаи пандемияро то 15-уми сентябр муқаррар карда буд.

Тибқи ин фармон, агар муҳлати санадҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия то 15 сентябр анҷом ёбад, он муҷозот дар пай надошта, тариқи автоматӣ тамдидшуда ба ҳисоб меравад.

Дар феҳрасти санадҳое, ки муҳлати амалашон то 15 сентябр тамдидшуда ҳисоб меёбад,  иҷозатномаи иқомати муваққатӣ – РВП, санади иқомат–ВНЖ, раводид, қайд дар ҷои истиқомат, сабт дар мақомоти муҳоҷират, шаҳодатномаи паноҳандагӣ ва санади кӯч ба Русия ном бурда шудаанд.

Генерал Казакова, инчунин, зикр намуд, ки дар шароити пандемия иҷозат дода шуд, афроде, ки бо ҳадафҳои дигар вориди Русия шуданд, метавонанд мақсади сафарро тағйир диҳанд, ба мақомоти муҳоҷират оянд, иҷозатномаҳо гиранду ба кор машғул шаванд. Ӯ аз шаҳрвандони хориҷӣ даъват намуд, ки ҳанӯз вақт доранд ва метавонанд ба мақомот ҳозир шуда, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ намоянд.

Бештари коршиносон тавсия медиҳанд, ки дар ин давраи ҳассос беҳтар аст, ки муҳоҷирон дар Русия бимонанд ва кори худро идома диҳанд. Баргаштан ба Ватан дар ин даврон, ки имкони бозгашти сафар мавҷуд нест, тавсия намешавад. 

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *