Дар орзуи ташхисгоҳи байторӣ

Гоҳ-гоҳ иттифоқ меафтад, ки Алексро (яъне гурбаамро) барои муолиҷа ба идораи байторӣ мебарам. Тани гарм бедард не, мегӯянд дар урфият. Дар шафати ягона дармонгоҳи байтории шаҳр як соҳибкоре ташхисгоҳе бо унвони зебои “Бовафо” таъсис дода, ки ҳам рентген дораду ҳам ултрасадо ё УЗИ. Мутаассифона, рӯзи ба он ҷо бурдани гурбаам УЗИ-аш кор намекард, бонуи хилъатпӯше гуфт, ки аз рӯзи оварда шуданаш ин дастгоҳ чанд муддате кор карду шуд вайрон. Ягон устое нест, ки сарфаҳм раваду таъмираш кунад. Ҳамин тавр, орзуи деринаи мо як ҷомаи амал пӯшиду баъди андак вақт он ҷома дарид…

Касе нагуфта ва ҳам касе намедонад, ки кай дар Душанбе як дармонгоҳ барои ҳайвоноти хонагӣ, ки ҷавобгӯ ба талаботи тибби имрӯза бошад, пайдо мешавад…

Шамшод, ном табибе, ки дармонгоҳи байторӣ кор мекунад, мегӯяд, ки ба чанд созмони байналмилалӣ муроҷиат шудааст, аммо посухе нест. Ҳоло ягона меъёри табобати сагу гурбаҳои хонагӣ донишу таҷрибаи шахсии байторон ҳасту бас. Бидуни ташхиси озмоишгоҳӣ. Ин сохтор ягон нақлиёте ҳам надорад. Байторон ё пиёда мераванд ба даъвати эҳтиёҷмандон, ё бо мошинҳои шахсиашон. Ин ҳолат то кай идома меёбад, маълум нест.

Чизи дигари ҳайратовар ҳамин аст, ки дармонгоҳи байторӣ ҷузъи таркибии Кумитаи давлатии бехатарии озуқаворӣ будааст. Дармонгоҳи ҳайвонот ба сохтори озуқаворӣ чӣ алоқа дорад, намедонам… Чаро ин сохтор алоҳида ва мустақил нест, мисли дигар кишварҳо, ин ҳам номаълум… Барои шаҳре, ки беш аз як миллион аҳолӣ дораду шумори ҳайвоноти хонагиаш шояд чоряки мардум, чунин вазъ ташвишовар аст. Шояд соҳибкори сарватманде пайдо шаваду барои ривоҷи ин соҳа сармоягузорӣ кунад. Ё ҳадди ақал як УЗИ-и нав харидорӣ кунад…

Ба ҳар ҳол умед мебандем, дунё ба умед, гуфтаанд…

Ҳафиз Раҳмон,

ш.Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *