Аз бемории вазнин то дархости кумаки пулӣ ба Сурайё Қосимова

Сомонаи Pressa.tj дурустӣ ва ё носаҳеҳии ин мавзуро пайгирӣ кард.

Сурайё Қосимова яке аз сарояндаҳои маъруфи кишвар аст. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое нашр шуданд, ки ӯ ҳоло бемори вазнин асту дар хориҷа табобат гирифта истодааст. Бино ба хабарҳои охир, ӯ дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Деҳлии Ҳиндустон бистарӣ карда шудааст. Мегӯянд, ки номбурда аз бемории қалб азият дорад.

Сурайё Қосимова ҳамагӣ чанд рӯз қабл, бинобар бад шудани вазъи саломатияш бо хатсайри Air Astana ба шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ҳамроҳ бо шавҳар ва ду духтараш — Шабнами Сураё ва Рӯзигул сафар кардаанд.

Шабнами Сурайё 24-уми сентябр дар саҳифаи инстаграмаш аз вазъи ногувори саломатии модараш хабар додааст.

Дар ростои бемории Сурайё Қосимова фурсатталабоне пайдо шудаанд, ки бо номи ӯ корти бонкӣ кушодаву даъвати кумаки пулӣ ба ин ҳунарманди шинохтаи кишвар кардаанд. Акси Сурайё Қосимова дар бистари беморӣ ва корти бонкии кумак дар як лаҳза шабакаҳои иҷтимоиро фаро гирифт. То куҷо ин корт воқеият дорад ва Сурайё Қосимова эҳтиёҷ ба кумак, пайвандони санъаткор то ҳол чизе нагуфтаанд. Эҳтимол ин корт як навъ фейк, яъне дурӯғ барои фурсатталабон ва манбаи даромади муфт бошад.

Ёдовар мешавем, ки Сурайё Қосимова аз он бонуҳоест, ки ду гули  пурнакҳати санъати тоҷик Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршедро  на дар мактаби касбии мусиқӣ, балки дар фазои ҳунарии худ бузург кардаву ба ситораи ҳунар табдил додааст. Қаблан номи ин сарояндаи шуҳратёр бо издивоҷи ғайриинтизор бо як ҷавон дар сархати хабарҳои кишвар қарор гирифта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *