Медали тиллои Сомон ва биринҷии Беҳрӯз аз Бозиҳои Осиёӣ

Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков зери вазни то 81 кг тавонист дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ оид ба гӯштини ҷудо соҳиби нишони тилло гардад.

Дар бозии финалӣ Сомон Маҳмадбеков бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ — Ли Ҷунван бо имтиёзи вазарӣ ғалаба карда, соҳиби нишони тилло шуд.

Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз, дар даври ниманиҳоӣ бар Абулайхан Жубаназари қазоқ бо имтиёзи вазарӣ ғалаба карда, ба финал роҳ ёфт.

Инчунин, паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода дар мусобиқаи ҷудои Бозиҳои Осиё дар кишвари Чин дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Хоҷазода дар даври аввал бар ҷудокори Филиппин Накано Кейсей бо имтиёзи иппон ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ баромад. Дар даври чаҳорякниҳоӣ ӯ бар Дониёр Шамшаеви қазоқ бо имтиёзи вазарӣ зафар ёфта, дар даври нимниҳоӣ аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд.

Нимаи дуюми имрӯз Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кг барои нишони биринҷӣ бо Кингдага аз Чин рақобат кард ва барандаи нишони биринҷии Бозиҳои Осиёӣ-2023 дар Ханчжоуи Чин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *