Аз дарду ғами устод месӯзанд ҳама…

Санаи 29-уми марти соли 2022 дили Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисод, профессори кафедраи менеҷмент ва соҳибкорӣ Мадаминов Абдураҳим Асрорович дар сини 85-солагӣ аз тапидан бозмонд.

Мадаминов Абдураҳим Асрорович 14-уми августи соли 1937 дар деҳаи Сарои дараи хушманзари Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

Соли 1956 ба Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур) дохил шудааст. Соли 1961 бо дипломи аъло донишгоҳро хат намудааст.

Номбурда 1961 ба вазифаи ассистенти «Кафедраи иқтисодӣ ва ташкили корхонаҳои кишоварзӣ» фаъолиятшаро оғоз намудааст.

Аз 1-уми сентябри соли 1964 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ВНИИЭСХ қабул шуд.

Соли 1967 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Роҳҳои асосии зиёд ва арзон намудани истеҳсоли маҳсулоти гӯсфанди сергӯшту равған дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дар мисоли колхозҳои водии Ҳисор) ба итмом расонида, рисолаи номзадиро дар Шӯрои диссертатсионии ВНИИЭСХ бомуваффақият ҳимоя намудааст.

Соли 1975 ноиби ректор оид ба таълим таъин мегардад ва то соли 1982 дар ин вазифа фаъолият намудааст.

Ӯ дар солҳои 1996-1998 усули Институти тараққиёги иқтисодии Бонки умумиҷаҳониро оид ба кор карда баромадани лоиҳаи инвеститсионӣ дар КАС аз худ намуд.

Соли 2006-ум А. Мадаминов дар Шӯрои диссертатсионии Университети давлатии аграрии Русия — МСХА-и ба номи К. А. Тимирязев (ш. Москва) ҳифзи рисолаи докторӣ дар мавзӯи «Таъмини устувории рушди хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон» намуд. Соли 2009-ум ба гирифтани унвони профессорӣ мушарраф гардид.

Олими шинохта 8 монография, 20 маҷмӯа ва зиёда аз 240 кори илмӣ ва илмӣ-методӣ нашр намудааст.

Роҳбарии зиёда аз 20 нафар аспирангон ва унвонҷӯёнро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон ба уҳда дорад. Ғайр аз ин, ӯ машваратчии 8 нафар докторант буд.

Таҳти роҳбарии ӯ 22 нафар мутахассисони ҷавон рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Барои хизматҳои шоёнаш дар рушди илми тоҷик чанд маротиба бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Вазорати хоҷагии қишлоқи СССР, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, медали ҷашнии 100-солагии В. И. Ленин шарафёб гардонида шудааст.

Барои тайёр намудани мутахассисони болаёқат бо фармоиши Президенти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми сентябри соли 1994 ба Мадаминов Абдураҳим Асрорович унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон» дода шудааст.

Аҳли кормандон ва раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемр ва ҳамзамон дастандаркорони сайти Pressa.tj-ву аҳли кормандони ҳафтаномаи “Тоҷикистон”  даст ба дуо мебардорем, ки Худованд устод Абдураҳим Мадаминовро раҳмату мағфират ва ҷойяшонро Ҷаннати Фирдавс гардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *