Дар Қрим манзили Зеленский ба зӯрӣ гирифта мешавад?

Тасмим гирифта шудааст, ки манзили Зеленский дар Қрим миллӣ карда шавад.

— Ба феҳристи амволи олигархҳо ва сиёсатмадорони украинӣ, ки бояд дар Қрим миллӣ карда шаванд, манзили раисиҷумҳур Владимир Зеленский дар деҳаи Ливадия дар наздикии Ялта низ ворид аст,- гуфтааст як манбаъ дар ҳукумати вилоят.

— Манбаъ гуфтааст, ки манзилҳои Зеленский дар Ливадия низ ба рӯйхати амволе, ки бояд милликунонӣ шаванд, шомил хоҳанд шуд,- хабар медиҳад РИА «Новости».

Қаблан Сергей Аксенов, раиси ҷумҳури Қрим, аз милликунонии моликияти олигархҳо, сиёсатмадорон ва мансабдорони украинӣ, ки аз режими Киев ва натсизм ҳимоят мекарданд, хабар дод.

Пеш аз ин, ҳанӯз дар моҳи декабри соли ҷорӣ ӯ Зеленскийро бо додгоҳ барои қарзи манзили коммуналӣ таҳдид карда буд. Дар ҳамин ҳол, маълум шуд, ки як зумра олигархҳои украинӣ, инчунин президент Зеленский, сарфи назар аз ташдиди вазъ дар моҳҳои феврал-марти соли 2022 ва ихтилофоти сиёсӣ, соҳибкории худро дар Русия идома медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки Зеленский қонун дар бораи «мусодираи маҷбурӣ»-и объектҳои моликияти Русия ва сокинони он дар Украинаро имзо кард. Илова бар ин, ӯ таҳдид кардааст, ки ҳама корро мекунад, то моликияти «пропагандистони рус» мусодира шавад, бидуни тавзеҳот, ки сухан дар бораи кӣ меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *