Аз Душанбе ба Панҷакенту Кӯлоб. “Тоҷик-Эйр” парвозҳои нав кушод

Ширкати “Тоҷик-Эйр” аз 14 ва 15 январи соли 2025 парвозҳо дар хатсайрҳои Душанбе–Кӯлоб ва Душанбе–Панҷакентро оғоз мекунад.

✈️Душанбе–Кӯлоб: Парвозҳо рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом мешаванд. Нархи чипта 300 сомонӣ, вақти парвоз соати 09:00 аз Душанбе ва бозгашт соати 10:00.

✈️Душанбе–Панҷакент: Парвозҳо низ дар ҳамон рӯзҳо иҷро мегарданд. Нархи чипта 400 сомонӣ, вақти парвоз соати 09:00 аз Душанбе ва бозгашт соати 10:30.

Фурӯши чиптаҳо аз 8 январ оғоз ёфта, парвозҳо тавассути ҳавопаймои АН-28 анҷом дода мешаванд.

Ширкати “Тоҷик Эйр” қаблан гуфта буд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд.

Охири сентябри соли гузашта “Тоҷик-Эйр” аз оғози дубораи парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанбе хабар дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *