Аз гарон шудани нархи хона то тахриби чойхонаи “Роҳат”

“Андак” қиммат шудани нархи хона дар Душанбе ва тахриби чойхонаи “Роҳат” мавзуҳои меҳварии нишасти матбуотии Кумитаи сохтмон ва меъморӣ буданд, ки рӯзи 5-уми феврал баргузор шуд.

Хона “андаке гарон” шудааст

Раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфт, ки нархи хона дар шаҳри Душанбе дар соли 2023 “андаке гарон” шудааст. Ҳоло як метри мураббаъ хона қариб 7400 сомонӣ (673 доллар) аст. Бо вуҷуди зиёд шудани сохтмони манзил нархҳо дар шаҳр поин нашудаанд.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон гуфт, ки нархи хонаҳо бар асоси талаботи бозор муқаррар мешавад. “Дар бозор маҳсулот бисёр шуд, арзон мешавад, кам шуд, гарон мешавад»,- мегӯяд раиси Кумитаи сохтмон.

Ӯ афзуд, ки соли 2023 дар кишвар як миллиону 737 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта шудааст, ки назар ба соли пеш аз он 2,1 дарсад зиёдтар аст.

Ҳоло арзиши миёнаи масоҳати 1 метри квадратӣ дар сохтмонҳои нави Тоҷикистон ба $440 ва дар шаҳри Душанбе ба $673 баробар аст. Ба гуфтаи Мирзозода, ин нишондод дар шаҳру ноҳияҳои гуногун фарқкунанда будааст.

“Масалан, дар ноҳияи Сино арзиши 1 метри квадратӣ дар сохтмонҳои нав $580 аст, ки соли гузашта $607 буд”,- афзуд Мирзозода. Вале, тавре раиси кумита қайд намуд, дар умум нарх нисбат ба соли гузашта дар шаҳри Душанбе $3 қиматтар шудааст.

Низом Мирзозода нархи сохтмонҳои нав дар кишварҳои пасошӯравиро мисол оварда, афзуд, ки дар Тоҷикистон дастрастар аст. Дар ҳамин ҳол, тибқи омори расмӣ маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 800 сомонӣ ва музди миёна наздики 1900 сомониро ташкил медиҳад.

“Роҳат” тахриб мешавад?

Зимни нишасти хабарӣ Низом Мирзозода ба саволи хабарнигорон, ки оё чойхонаи “Роҳат” тахриб мешавад ё не, ҷавоби дақиқе надод. Аммо ба эҳтимоли зиёд ин бино тахриб мешавад.

Ба гуфтаи Мирзозода, агар сохтмони бинои “Ҳукумат”, ки дар наздикии ин чойхона роҳандозӣ шудааст, ба итмом бирасад, худи сокинон ба тахриби чойхона сад дар сад розӣ мешаванд.

“Магар мо чойхонаи дигареро бо ҳамин тарҳу нархи дастрас бисозем ва номашро “Роҳат” гузорем, ягон мушкилӣ дорад, айб нест? Дар оянда дар шафати бинои боҳашаммати Ҳукумат ин биноро бубинем…”,- гуфт номбурда.

Чойхонаи «Роҳат” асри гузашта бар асоси тарҳи меъмори рус Константин Терлетский ва устои тоҷик Мирзораҳмат Олимов сохта шуд ва соли 1956 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чанд сол пеш ҳам шабакаи маъруфи телевизионии CNN дар як раддабандии зеботарин чойхонаҳои ҷаҳон «Роҳат”-и Душанберо дар ҷои аввал қарор дода буд.

Аммо шуруъ аз соли 2013 дар шаҳр тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон бар зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақаи нав ва мутобиқ ба талаботи муосири меъморию шаҳрсозӣ сохта шавад.

У. СУМАН

Аз Facebook-и pressa.tj

Bovafo Sanam

— Ростӣ, як ду рӯз пеш дар “Роҳат” хӯроки нисфирӯзӣ хӯрдем,

оши палов, баҳош 4. Люля-кабобро меҳмонамон як газ гирифту дигар даст назад. Кунҷкобӣ карда, чашидам, дар ҳақиқат камтар маззаи гӯшти куҳна кард. Самбӯсачаҳо бомазза буданду пучтар назар ба дигар вақтҳо. Мутаассифона, он дар назар як ҷойи ба мисли пивнушка шудагӣ барин. Хоҳиш мекунам, сангсор накунед, ин назари шахсии худам ҳамчун мизоҷ.

Шарифзода Кироншоҳ

— Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам. Эҳ, дареғ! Ба хок яксон кардани як бинои пурнақшунигор, зеби шаҳр, як пораи таърихи пойтахт идеяи кадом таърихқимоб буд?!

Daler Gufronov

— Панҷ сол шуд дар хориҷ аз кишварам, вақте номи Душанберо ба забон меорам, пеш аз ҳама чойхонаи “Роҳат” пеши назар меояд… Умедворам шаҳрдории дурандеши мо ба ин таърихситезон ҳамнаво нахоҳад буд… “Роҳат” симои пойтахти азизи мост!

Рушди Ватан

— Азизон! Лутфан, аз суханонам дилатон ба таъзиқ наояд, аммо ҳамин куҳнасарой ба кӣ лозим? Ҳай сӯхтему сӯхтем, барои ҳамин чойхонаи “Роҳат”… Аз ин беҳтар биноҳо хароб гаштанд, бигузор ин ҳам хароб гардад, чаро ашк мерезед?… Афсӯси ман аз он аст, ки шаҳрсоз Душанберо мисли Тошканд калон накарда, фақат дар як ҷой баланд бардошта истодааст…

Lutfiya Khalili

— Дар тамоми дунё чизҳои қадимро эҳтиром мегузоранд ва нигоҳ медоранд. Дар мо ҳама чизҳои таърихӣ ва қадимиро аз байн мебаранд. Ин хатои бузург аст!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *