Рустам футболи тоҷик

Рустам қаҳрамони афсонавии тоҷикон аст. Имрӯз ин ном аз таърих бурун омад ва қаҳрамони футболи тоҷик шуд. Ҳоло аксар кӯдакон мехоҳанд Рустам бошанд. Ӯ кист?  

Аз пайи “Спартак”

Рустам Ятимов, дарвозабони тими “Истиқлол”-и Душанбе ва тими миллии футболи Тоҷикистон беҳтарин бозигари соли 2023 эътироф шуд. Ин дарвозабони 25-сола беҳтарин дарвозабони лигаи олии футболи Тоҷикистон низ эътироф шудааст.

Рустам Ятимов дар Нижний Новгород таваллуд шуда, модараш рус ва падараш зодаи Тоҷикистон аст. Тавре худи дарвозабони машҳур гуфтааст, дар оилаи онҳо касе футболбоз набуд ва ба ин навъи варзиш мароқ зоҳир намекардаанд. “Аммо амак ва бобоям «Спартак»-и Маскавро дастгирӣ мекарданд”,- гуфтааст Ятимов.

Мушкили шаҳрвандӣ

Рустам Ятимов бори аввал соли 2016 бо «Волга», ки он вақт дар Лигаи миллии футбол бозӣ мекард, шартнома баст, вале ин даста муфлис шуд. Футболбози ҷавон ба ҷустуҷӯи имконоти дигари идомаи касби худ сар карда, ба «Динамо»-и Киров рафт, аммо аз шароит қонеъ нашуда, ин клубро тарк кард.

Искандар Ҷалилов, ки ҳамдеҳаи Ятимов будааст, ба дарвозабон занг зада, хабар медиҳад, ки интизор меравад ӯро дар “Истиқлол”-и Душанбе озмоиш кунанд ва онҳо ҳамчунин ваъда додаанд, ки ба Рустам дар гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон барои баромадҳои минбаъда дар тими миллӣ кумак хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, Ятимов ба Душанбе омад ва ба сармураббии «Истиқлол» Муҳсин Муҳаммадиев писанд омада, бо ин даста шартномаи панҷсола баст, аммо дар ҳуҷҷатҳо мушкилот пеш омад ва дарвозабон боре ҳам ба майдон набаромада, тобистони соли 2017 бо розигии тарафайн шартномаашро қатъ намуд. Рустам дубора ба Русия баргашт ва чанд муддат онҷо монд.

Дар ибтидои соли 2018 Ятимов боз ба «Истиқлол» баргашта, аввал ба сифати футболбози хориҷӣ ва аз мавсими оянда баъди гирифтани шаҳрвандӣ ҳамчун футболбози маҳаллӣ сабти ном шуд.

Муаррифгар

Рустам Ятимов соли 2018 соҳиби шиносномаи Тоҷикистон шуда, ҳақи бозӣ дар тими миллии ҷумҳуриро пайдо кард. Вай дар ҳайати тими миллӣ 7-уми июни соли 2019 дар бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон (1:1) баромада, ба феҳристи тими миллии Тоҷикистон барои Ҷоми Осиё-2023 шомил шуд.

Ин ҷавони қаҳрамон бо маҳорати нотакрораш тавонист Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон бори дигар муаррифӣ намояд. Ӯ тақрибан 10 зарбаи хатарноки ба дарвоза омадаро гардонд ва тими мунтахаби Тоҷикистонро аз мағулбшавӣ эмин дошт. Маҳз дар рақобат бо мунтахаби Арабистони Саудӣ дар силсилазарбаҳои пеналтӣ Рустам ҳунарнамоӣ карда, имиҷи футболи тоҷикро як зина боло баровард.

Барои ҳунарнамоии волояш 6-уми январ дар маркази хизматрасонии «Тойота»-и шаҳри Душанбе ба Рустам Ятимов калиди автомобили нави тамғаи «Toyota Carolla», соли бароришаш 2023 туҳфа гардид.

Мухлисони футболи тоҷик дар оянда аз ин қаҳрамон умедвориҳои зиёдеро доранд.

Сумани УБАЙДУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *