Аз ивази рақам чӣ тағйир меёбад?
Аз наздикии Фурудгоҳи пойтахт ба таксӣ савор шудаму гуфтам:
— Маро ба таваллудхонаи №1 бар!
Ронандаи ҷавон ба ҷое, ки маро ба кӯчаи Мирзо Турсунзода орад, ба тарафи кӯчаи Исмоили Сомонӣ бурд. Ҳайрон шуда, пурсидам:
— Писар, маро ба куҷо мебарӣ?
— Ба роддоми як,- посух дод ӯ.
— Магар таваллудхонаи як дар тарафи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия нест?,- боз савол кардам.
— Не, ҳоло вай роддоми 3, роддоми 3 рақами 1 шудагӣ…
Дар ҳайрат мондам, ки сабаби иваз кардани рақами таваллудхона чист? Ин чиро тағйир медиҳад? Ё Маркази табобатии (поликлиникаи) №1 имрӯз №13 шудааст. Магар рақамивазкунӣ сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро дар кишвар беҳтар мекунад?
Зуҳро САФАРАЛИЕВА, сокини шаҳри Душанбе
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ