Ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон дар меҳвари Паём

23-юми декабри соли 2023 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ироа гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар баробари дигар соҳаҳо ба масоили ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии арзандаи шаҳрвандон вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бори дигар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошт, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст. Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад. Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯйи таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба рушди саноати дорусозӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, қайд карданд, ки новобаста ба пешравиҳои соҳа, ҳанӯз ҳам имкониятҳои мавҷудаи истифоданашуда дар ин самт ҷой доранд. Аз ин рӯ, масъулинро мебояд, ки дар ин самт чораҳои иловагӣ андешанд.

Маврид ба қайд аст, ки дар низоми давлатдории миллии Тоҷикистон интихоб намудани унсури давлати иҷтимоӣ ба сатҳи ҳифз ва таъмини иҷтимоии шаҳрвандон нигаронида шудааст. Тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давлати иҷтимоӣ муҳимтарин василаи таъмини зиндагии арзандаи шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути марҳила ба марҳила зиёд намудани музди маоши шаҳрвандон таҳким бахшида мешавад. Таъмини зиндагии шоистаи мардум дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хоса дорад. Ҳамин аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, намудҳои нафақа, стипендия ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ зина ба зина баланд бардошта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022 қайд намуданд: «Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ намояд.

Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям:

— аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

— аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд.

Ҳамчунин пешниҳод менамоям, ки аз 1-уми июли соли 2023:

— андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад;

— нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд.

Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд».

Боло бурдани маошу нафақа далели возеҳи таҳкими сатҳу сифати зиндагӣ, ғамхории давлат нисбати шаҳрвандон ва қадр кардани меҳнати шаҳрвандон аст. Аз ин тадбирҳо бармеояд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда талош намуда истодааст, ки раванди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зина ба зина таҳким бахшида шуда, сатҳи некӯаҳволии мардум беҳтар гардад. Ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ нишонаи олии татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат аст.

Таъкид намудан бамаврид аст, ки масъалаҳои пешгирию муқовимат намудан бар зидди терроризму экстремизм ва таҳкими якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол, таъмини зиндагии осоиштаи шаҳрвандон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23.12.2022 ҷойгоҳи махсус дорад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон қайд намуданд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд».

Тоҷикистон ва халқи тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи мубориза бо терроризм ва дигар хатарҳои ба он вобаста дар ҷомеаи байналмилалӣ мавқеи шоиста ва нақши фаъол дорад. Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон мавқеи хешро мушаххас сохта, пешниҳодҳои худро аз минбарҳои созмонҳои ҷаҳонӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ вобаста ба ин масъала то имрӯз ироа мекунад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм ҳамчун яке аз иштирокчиёни фаъол мешиносанд ва пешниҳодҳояшро дастгирӣ мекунанд. Дар партави мавқеи созанда ва ташаббусҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ҳар сокини кишварро месазад, ки барои таҳкими заминаҳои рушди давлати миллӣ талош намояд.

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ,

ректори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, д.и.т., профессор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *