Аз коронавирус то фирори кадрҳо. Абдуллозода 1 соату 30 дақиқа посух гуфт

Афзоиши рафтани табибон аз Тоҷикистон, бемории сурхакони маймун ва хатари он, коронавирус аз масъалаҳое буданд, ки  Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон посух гуфт. Нишасти матбуотӣ дар ин ниҳод бе хондани варақаи иттилоотӣ аз тарафи вазир ва беш аз 1 соату 30 дақиқа бо суолу ҷавоб сурат гирифт.

Бадахшон норасоии кадр надорад, дигар ҷо чӣ?

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки ҳоло дар ВМКБ норасоии кадр дар соҳаи тандурустӣ нест. Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳоло беш аз 800 нафар аз ин вилоят дар коллеҷу муассисаҳои олии тиббии кишвар таҳсил доранд ва оянда масъалаи таъмини онҳо бо ҷойи кор ба миён омадааст.

“Ҳамагӣ як нафар табиб аз вилояти Бадахшон ба муҳоҷират рафтааст. Хушбахтона, ҳоло дар ин ҷо норасоии кадри тиббӣ нест”,- изҳор дошт вазир. Аммо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон нарасидани табибон ва ба хориҷ рафтани онҳо ба мушоҳида мерасад. Бино ба иттилои масъулини Вазорати тандурустӣ, давоми якуним соли охир 674 табиб аз Тоҷикистон ба хориҷа рафтаанд. Сабаби рафтани табибон барномаҳои ҷалби кормандони ин соҳа аз ҷониби дигар давлатҳо арзёбӣ мешавад. 

Дар ин росто, вазир иброз дошт, ки ҳамасола теъдоди зиёди донишҷӯён Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва дигар коллеҷу муассисаҳоро дар риштаи тиб хатм мекунанд ва бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Аз толор садо шуд, ки чаро дар бархе таваллудхонаҳои кишвар хизматрасонӣ пулакист? Вазир дар посух ба ин савол иброз дошт, ки ягон таваллудхона ҳақи гирифтани пулро аз бемор ё соҳиби ӯ надорад. Дар сурати пайдо шудани чунин ҳолат, мардум бояд ба вазорат муроҷиат кунанд ё ба телефонҳои боварӣ, ки дар тамоми муассисаҳо насб шудаанд, занг зананд.

Назорат пурзӯр шудааст

Ҷамолиддин Абдуллозода дар мавриди сурхакони маймун, ки дар Тоҷикистон сабт шудааст ё не, гуфт, барои пешгирӣ аз вуруди ин беморӣ назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр шудааст. Аз ҷумла, шахсоне, ки аз кишварҳои мубтало ба сурхакони маймун ба Тоҷикистон меоянд, ҳарораташон санҷида мешавад. Ғайр аз санҷидани ҳарорат дар ҳолати зарурӣ онҳо аз тестҳо мегузаранд. Нишонаҳои сурхакони маймун таби баланду дарди сар, ларза ва обилаҳои рӯйи пӯсти бадан ва дохили даҳон будааст.

Коронавирус дар Тоҷикистон ҳаст?

Ҳамчунин, дар нишаст масъалаи дастгоҳи муайянкунандаи навъҳои коронавирус дар Тоҷикистон матраҳ шуд. Муайян шудааст, ки қаблан дар Тоҷикистон навъи омикрони коронавирус низ дар гардиш будааст. Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфт, дастгоҳи муайянкунандаи навъҳои коронавирус дар ҷумҳурӣ, ки қаблан набуд, аллакай фаъол шуда, намунаҳои солҳои қаблӣ таҳлил гардидаанд. Муайян гардидааст, ки аз солҳои 2020 дар ҷумҳурӣ шаклҳои коронавирус, аз қабили вуханӣ, африқоӣ ва делта дар гардиш будаанд.

Вазир афзуд, ки соли 2021 ба Тоҷикистон навъи омикрон низ ворид шуда, дар асоси таҳлилҳо 299 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи вазир, аз моҳи феврали соли 2022 дар ҷумҳурӣ коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

У. НИЁЗОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *