Суғд: 75 корхонаи нав ба кор оғоз кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 19-уми июли соли 2022 зимни нишасти матбуотияш гуфта буд, ки вилоят дар ин шашмоҳа пешравиҳо дар тамоми соҳаҳо басо назаррас буд.  Дар давоми нимсола танҳо дар соҳаи саноат дар  Суғд 75 корхонаи нав ба кор оғоз кард, ки беш аз 3000 сокинон бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Аҳмадзода афзуд, ки марҳила б амарҳила масълини ҳукумати вилоят талош дорад, то шумораи корхонаҳоро зиёд ва аҳолиро бештар ба кор ҷалб кунанд.

Азбаски имкониятҳои вилояти Суғд васеъ аст мо бояд маҳсулоти воридотивазкунандаро бештар истеъсол кунед ва барои мардум зиндагии шоистаро таъмин намоем.

Ба гуфти Аҳмадзода айни ҳол дар вилояти коркарди пӯст ба роҳ монда шудааст, ки даҳҳо корхонаи пояфзолбарорӣ ба фаъолият оғоз карда, пояфзолҳои хушсифатро ба нархи дастрас ба бозорҳо бароварда истодаанд.

Дар нишасти матбуотии раиси вилояти Суғд қайд гардида буд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2022 корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 11 миллиарду 128,3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 123,8 фоизро ташкил кард.

Инчунин, дар соҳаи саноат 758 корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 37 корхонаҳо хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд.

Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба маблағи 3796,0 млн. сомонӣ маҳсулот истихроҷ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,9 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла истихроҷи ғайриэнергетикӣ 115,1 фоизро ташкил додааст.

Ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард дар моҳҳои январ-июни соли 2022-юм  119,8 фоизро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда басо назаррас аст.

Як ваҷаб замин бояд бекор намонад

Яке аз саволҳои асосӣ дар нишаст масъалаи соҳаи кишварзӣ ба хусус масъалаи ғалладонагиҳо буд. Аҳмадзода гуфт, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2022 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 95701,0 тонна ғалладонагиҳо  истеҳсол карда шудаанд.

Мавсими ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилоят оғоз гардида, зироати ғалладона ва лубиёгӣ (ғайр аз ҷуворимакка) аз майдони 28,8 ҳазор гектар дарав карда шуда, ҳосил қонеъкунанда мебошад.

Ҳамчунин аз боғҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 35,3 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,0 фоиз зиёд мебошаддар посух ба масъалаҳои кишти такрори раиси вилояти Суғд афзуд, ки дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар заминҳои ҳосилаш ғундошташуда, кишти такрорӣ оғоз шуда истодааст.

Ба гуфтаи ӯ то 1 июли соли 2022 ҳамагӣ дар майдони 6872,5 гектар замин кишти зироатҳои такрорӣ гузаронида шудааст. Кишти зироатҳои такрорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта 43,0 фоиз зиёд шудааст.

Иҷлосияи XVI-ро бояд сазовор пешвоз гирем

Раиси вилоят ҳамзамон вобаста ба вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, сайёҳӣ, кор бо занон, ҷавонон ва варзиш, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Раҷаббой Аҳмадзода сипас ба саволҳои кормандони воситаҳои ахбори омма посух гуфта,  таъкид кард, ки имрӯзҳо сокинони меҳнатдӯсти вилоят барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида, бо дили гарм ва нигоҳи нек ба ояндаи Ватани маҳбубамон ба бунёдкориву созандагӣ машғуланд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинон ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррасу шоиста истиқбол менамоянд ва дар ин ҷода аҳли қалам низ бо сухани созандаи худ дар канори аҳли меҳнат истода, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат мекунанд.

Фарзона МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *