Аз масоили сарҳад то об дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Жээнбек Кулубаев дар Душанбе
Имрӯз, 5 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев доир шуд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, зимни суҳбат маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва дурнамои рушди он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Дар ин замина Сарвари давлати мо, аз ҷумла аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ду давлатро, ки бар арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид намуданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, ки масъалаҳои татбиқи тавофуқоти сарони ду давлат доир ба пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва натиҷаҳои вақтҳои охир дар ин самт бадастомада дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Таъкид гардидааст, ки давоми чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хати сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонида, ба ҳолати имрӯза дар маҷмуъ қариб 90 дарсади гузариши онро ба анҷом расонидаанд.
Ҳамчунин масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, парлумонӣ ва дигар самтҳои ҳамкории байни ду давлат баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот ба мавзуҳои алоҳидаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ