Ташкилоти Оғохон соли ҷорӣ дар Суғд 144 миллион сомонӣ харҷ мекунад

Дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сурат гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ҷонибҳо дар мулоқот масъалаи ҳамкории тарафайнро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Гуфта шудааст, ки имрӯзҳо дар қаламрави Суғд беш аз 65 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолияти дошта, саҳми хоҷагиҳо дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас аст.

Дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Ташкилоти Оғохон оид ба рушд​ низ назаррас мебошад.

“Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат якҷо​ бо Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон​ то ба имрӯз як қатор лоиҳаву барномаҳо амалӣ карда мешавад. Барои густариши фаъолияти минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои нав роҳбари вилоят пешниҳод намуд, ки дар самти дастрасии деҳқонон ба тухмии хушсифати картошка, таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ, навсозии парки ёрии таъҷилӣ ва хадамаоти оташнишонӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ, дастгирии бахши коммуналӣ, бунёди истгоҳи истеҳсоли барқ аз офтоб, кашидани хатти оби полезӣ, дастгирии барномасозони ҷавон ва ғайра ба манфиати кор хоҳад буд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов​ омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар оянда изҳор дошта, илова намуд, ки давоми солҳои 2018-2023 аз тарафи шабакаҳои Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон дар вилояти Суғд 600​ зерлоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 80​ миллион сомонӣ татбиқ гардид.

Аз соли 2024 ташкилот​ амалисозии як қатор лоиҳа ва барномаҳои навро ба нақша гирифтааст, ки ҳаҷми умумии он 144 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *