Ӯзбекистон ба Қирғизистон гази моеъ кумак мекунад

Ин кумак ба манзури рафъи эҳтиёҷи аҳолии шаҳри Бишкек-пойтахти Қирғизистон сурат гирифт. Дар ин бора расонаҳои мустақил хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, теъдоди баллонҳои гази моеъшуда ҳазор дона мебошад ва он тавассути нуҳ мошини махсуси интиқолдиҳандаи баллонҳои гази моеъ то ба Бишкек интиқол дода шуд.

Ин кумаки Ӯзбекистон ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон аз тариқи вилояти Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби ин кишвар ба вуқӯъ пайвастааст.

Қобил ба ёдоварист, ки бар асари садама дар маркази барқу гармидиҳии Бишкек, ки чанд ноҳияи пойтахти Қирғизистонро бо гармӣ ва оби гарм таъмин мекунад, панҷ нафар кормандони он маҷрӯҳ шудаанд. Аз талафоти ҷонӣ хабар дода намешавад.

Мақомоти қирғиз сабабҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд. Ҳодиса дар нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ, яке аз муҳимтарин иншооти тавлиди Қирғизистон маҳсуб меёбад, шаби ҷумъа рух додааст. Дар маркази гармидиҳӣ дегхона таркида, баъд аз он дар бинои кӯҳнаи марказгармӣ оташ сар задааст.

Мирасрор Аҳроров.
Шаҳри Тошканд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *