Аз мубориза бо терроризм то ифротгароӣ. Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб дар Душанбе

5 феврали соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб масъалаҳои муқовимат ва мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷинояткории трансмиллӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷиноиро муҳокима карданд.

Ҳоло сафари кории Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷид дар Тоҷикистон идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *