Ноҳияи Деваштич: Гирифтори сокинон ба бемориҳои сироятӣ зиёд шуд

Дар ноҳияи Деваштич давоми як соли 2023-юм 18 ҳолати гирифтори сокинон ба бемории сироятии зардпарвин ва 8 ҳолати бемории сил ба қайд гирифта шудааст. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Дар ин хусус Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Вай таъкид кард, ки ин нишондод нигаронкунанда буда, барои пешгирии сироятёбии сокинон ба бемориҳои сироятӣ ҳоло корбарии ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ҳоло эҳтиёҷ ба кадрҳо дар соҳаи тандурустии ноҳия низ ҷой дорад, ки дар соли 2024 бояд ҳалли худро ёбад.

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *