Аз мухбири “Ховар” то сармуҳаррири «Бонувони «Тоҷикистон». Шоҳона Сулаймонӣ кист?

Имрӯз, 29 апрел журналист ва шоири шинохта, сармуҳаррири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” Одиназода Шоҳона Сулаймонӣ мавлуд дорад. Ӯ ҷашни нимасра дорад. Номбурда аз афроди таъсиргузор дар ҷомеаи журналистии кишвар аст.

Шоҳона Сулаймонӣ журналисти ҳирфаӣ буда, солиёни дароз дар матбуот ва телевизиону радио аз мухбири одӣ то сардабирӣ фаъолият кардааст. Хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳои 1997-1998 ба ҳайси мухбири Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» фаъолият намудааст. Аз соли 1998 то 2012 дар радиои «Тоҷикистон» ва «Садои Душанбе» ба ҳайси муҳаррир, муовини сармуҳаррир, котиби масъул ва сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ фаъолият кардааст.

Солҳои 2012-2015 муовини директори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» буд. Айни замон вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»-ро  ба зимма дорад. Барои хизматҳои бисёрсола дар рушди ВАО бо ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сарфароз гардидааст.

Шоҳона Сулаймонӣ  шоири рангинхаёл низ ҳаст. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ашъори муаллиф то ин дам тавассути маҷмӯаҳои «Хаёли ситорачин», «Сад тарона» ва «Сояи нигоҳ» ва “Оини ноз” ба дасти хонанда расидааст. Васфи  Истиқлолият, Парчам, Ватан, модар, ишқи поки инсонӣ аз мавзӯъҳои асосии шеърҳои шоира мебошад.

Аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj ҳамкасби хеш Одиназода Шоҳона Сулаймониро ба рӯзи фархундаи мавлудаш  табрик гуфта, барояш саломатӣ, илҳоми эҷодӣ ва саодати рӯзгорро таманно мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *