Кош “Оши оштӣ” натиҷаи хуб медод! То дигарбора нафаре дар марз кушта нашавад!

Гуруҳе аз фаъолону калонсолон аз Тоҷикистону Қирғизистон барои пешгирӣ аз ҷангу ҷанҷол дар марз гирди дастархони ифторӣ нишаста, гуфтаанд, ки ҳама корро бояд кунанд, то дигар хунрезӣ нашавад.

Пас аз ду ҳафтаи тирпарронӣ дар сарҳади ду кишвар маъракаи «Оши оштӣ» баргузор шуд. Мақомот бовар доранд, ба ин восита оини ҳамсоядориро беҳтар мекунанд. Вале сокинон танқид доранд, ки мақомот ба ҷойи ҳалли баҳси марзӣ ба хӯрдани “Оши оштӣ” машғуланд. Аз ҳама аламовараш дар он аст, ки ба гуфтаи онҳо, “ду тараф сари дастархон мешинанду мехӯранд, вале баъди чанд соат он ҳама ваъдаю гуфтугузорҳоро аз ёд мебаранд”.

Бо нашри чанд акс Радиои Озодӣ хабар дод, ки шоми 27-уми апрел беш аз 50 намояндаи ноҳияҳои марзии Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача ҷамъ омадаанд.

Дилором Турсунзода, муовини раиси ноҳия, 28-уми апрел гуфтааст, ки нишаст бо даъвати ҷониби Тоҷикистон ва бо ҳадафи “таҳкими дӯстӣ ва равобити хуби ҳамсоядорӣ” сурат гирифт. Дар он раисони ноҳия ва низомиёну масъулони ҷамоатҳо низ иштирок кардаанд.

Баъд аз тирпарронии шоми 12-уми апрел дар ҳудуди ин ноҳияҳои марзӣ, ки аз ҷониби Тоҷикистон як кушта ва аз ду тараф чанд захмӣ бар ҷой гузошт, ин нахустин “мулоқоти дӯстона” аст. Пеш аз вуқӯи муноқишаҳо сарони ду ноҳия ба фаъолону мӯйсафедони минтақа “оши оштӣ” дода буданд.

Шоми 26-уми апрел ҳам дар ҷамоати Чоркуҳи Исфара бо иштироки тақрибан 100 сокини ноҳияи Бодканду Исфара “ифтор” ташкил шудааст.

Муҳаммадҷон Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳри Исфара мегӯяд, ки “дастархон бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ва пешниҳоди шахсони рӯзгордидаи деҳаҳои марзӣ ороста шуд. Дар ин нишаст чанде аз раисони ҷамоатҳои Бодканд ва мӯйсафедону фаъолони қирғиз ҳузур доштанд. Қарор аст, қирғизҳо низ ҷониби Тоҷикистонро ба минтақаи худ даъват кунанд”.

Маҳфили дӯстонаву ҳамнишиниҳои гарм сари дастархони ош бори аввал нест, ки миёни намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон барпо мешавад, вале баъди як муддати оромиву субот ногаҳон ҳодисаҳои наве рух медиҳанд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон ҳудуди 972 километр сарҳад доранд ва то кунун беш аз 300 километри он таъину нишонагузорӣ нашудааст. Мардуми деҳаҳои марзӣ ҳар чанд вақт бар сари замину обу чарогоҳ ҷанг мекунанд. Низои хунбортарин миёни ду ҳамсоя охири моҳи апрели соли 2021 рӯй дод ва дар давоми се рӯз аз ду тараф даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон ва даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *