Аз мушкилоти бонкоматҳо то арзиши кортҳо

Дар соли 2019 “Амонатбонк” ду дастгоҳи чопи корт харидорӣ намудааст, ки аз ин ба баъд дигар мушкили ба даст овардани кортҳои бонки мазкур пеш нахоҳад омад. Ин нуқтаро имрӯз раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ зимни нишасти хабарӣ гуфт.

Икромӣ доир ба мушкилот ва арзиши гарони кортҳои “Амонатбонк” иброз дошт: “Мо ҳоло ба муштариёнамон имкони ройгон тақсим кардани кортҳоямонро надорем, танҳо ба 710 ҳазор нафақагирандагони кишвар як вақтаина корти ройгон додем. Дар мавриди нархи кортҳо бошад, бояд бигӯям, ки арзиши як корт аз 20 сомонӣ ба 10 сомонӣ паст фаромад ва инчунин муҳлати истифодабарӣ аз 3 сол ба 5 сол муқаррар карда шуд”.

Раёсати бонки мазкур ба хабарнигорон иттилоъ доданд, ки аз ин ба баъд онҳо дар як соат то 1500 ва дар як рӯз то 10 000 имкони чопи кортро доранд.

Дар нишасти мазкур гуфта шуд, ки дар ҳоли ҳозир “Амонатбонк” 249 бонкомат ва 1739 постерминал дорад ва рӯзҳои наздик боз бонкоматҳои нав дар кишвар насб карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *