Директори МТС муовини вазир таъин шуд

Дар вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва зерсохторҳои он тағироти кадрӣ сурат гирифт. Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Диловар Қодирзода аз вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон барканор шуд. Номбурда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин гардид. Диловар Қодирзода соли гузашта ба мансаби директори Маркази тадқиқоти стратегӣ таъин шуда буд ва қаблан ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд. Ӯ доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор мебошад.

Бо қарори дигари Ҳукумати Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, ки то ин замон муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, муовини вазири маориф ва илми кишвар таъин шудааст.
Тавре маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор аз вазифаи муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ озод ва ба ин вазифа Мирзозода Сафаралӣ Раҳим, ки дар вазифаи муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт, таъин гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Абдусаттор муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералӣ-Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирзозода Сафаралӣ Раҳим ва ба ин вазифа ҷиҳати додани ризоият номзадии Зоирзода Икром Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири мудофиа, муовинони вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб», «Данғара», «Панҷ», Директор ва муовинони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ», комиссарони ҳарбии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, командирони қисмҳои низомии Вазорати мудофиа, вобастаҳои ҳарбӣ дар назди як қатор Сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ, сардорони баъзе отрядҳои сарҳадӣ ва марказҳои таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кадрҳои ҷавон таъин гардиданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.