Аз нардбозӣ то афсонаҳои «Ҳазору як шаб». Пешниҳоди Тоҷикистон ба ЮНЕСКО
Тоҷикистон «Нардбозӣ», «Ахтаршиносӣ», афсонаҳои «Ҳазору як шаб» ва «Тоқӣ»-ро ба феҳрасти репрезентативии ЮНЕСКО ворид мекунад.
Дар ин бора Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфти Матлубахон Сатториён, ин номинаҳо дар комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ҳоли баррасӣ аст.
Аминзода Абдуфаттоҳ, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки номинаи “Нардбозӣ” ҳамчун бозии миллӣ дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.
Зикр гардид, ки соли 2024 номинаи ҷашни “Меҳргон” ҳамчун номинаи Тоҷикистон ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ