Аз нокомӣ то парешонӣ. Даъвати Абдулқодирзода аз соҳибкорон дар арафаи Рамазон
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар арафаи моҳи Рамазон аз соҳибкорон хост, ки нархи маҳсулотро боло набаранд.
«Ба таври сунъӣ боло бардоштани нарху навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст», — гуфт раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Ба таъкиди ӯ, маблағе, ки бо ин роҳ ба даст оварда мешавад, танҳо нокомӣ ва парешонию ташвиш меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ