Пандемия ва Рамазон. Дар суҳбат бо муфтӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода

Раиси Шӯрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода дар мавриди фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон, рӯза доштан дар шароити пандемия, тартиби гузоштани намози таровеҳ, баргузории ифтор, сабукиҳо ба рӯзадорон ва дигар масоили вобаста ба Рамазон бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” суҳбат анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем.

Видеои суҳбати мазкур дар YouTube – канали pressa.tj

-Ҷаноби муфтӣ, суоли нахустинам ин аст, ки моҳи шарифи Рамазон имсол кай фаро мерасад?

-Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Моҳи мубораки Рамазон, ағлаби гумон 13-уми апрел, яъне рӯзи сешанбе фаро мерасад.

(Тақвими Рамазони соли 2021 дар саҳифаи 24 – ред.)

-Мехоҳам барои хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар мавриди фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон чанд ҳарф бигӯед.

-Бинои мусалмонӣ ба панҷ рукн аст: калимаи шаҳодат, намоз, рӯза, ҳаҷ ва закот. Ҳаҷу закот ба инсонҳои сарватманд ва доранда фарз мегардад. Барои онҳое, ки имконият надоранд, ҳаҷу закот иҷборӣ нест.

Моҳи мубораки Рамазон бошад, яке аз рукнҳои панҷгонаи асосии дини ислом ба ҳисоб меравад. Фазилати ин моҳи муборакро Паёмбари гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳадиси муборак мегӯянд: «Шумо рӯза бигиред, ки саломату бардам шавед». Имрӯз ҳам, кашфиёти илмӣ далолат бар он мекунанд, ки аксари бемориҳо бо рӯза доштан муолиҷа мешаванд. Худованди азза ва ҷал дар ояти қудсӣ мефармояд, ки “Ҳар ибодат аҷру подоши муайян дорад, вале ин рӯза барои ман аст ва ман аҷрашро медиҳам”.

Фазилату бартарии дигари моҳи мубораки Рамазон ин аст, ки ҳар некие агар инсон дар дигар моҳҳо анҷом медиҳад, аз 1 то 10 аҷр дорад, агар амали хайрро дар Рамазон бикунад, аҷру подошаш аз 10 то 800 аст. Дар моҳи мубораки Рамазон ҳар фарз, баробари 70 фарз аст. Яъне, агар шахс, дар моҳи Рамазон закот диҳад, мисли онест, ки 70 маротиба закот додааст. Ё як ракъат намози шумо дар рамазон баробари 70 ракъат аст.

Гузашта аз ин моҳи Рамазон моҳи бахшиши гуноҳҳо аст. Паёмбар (с) мегӯянд, ки “Ҳар инсоне, ки ба хотири Худованди азза ва ҷал рӯза мегирад,  аз тамоми гуноҳҳо пок мегардад, зеро Худованд ҳамаи гуноҳҳои ӯро мебахшад.” Ё дар ҳадиси дигар омадааст: “Ҳар инсоне, ки шаби моҳи мубораки Рамазон намоз мегузорад ва ибодат менамояд, ҳар гуноҳе дорад, Худованди азза ва ҷал гуноҳҳояшро меомӯрзад”, хоҳ ин намози таровеҳ бошад ва ё намози таҳаҷҷуд.

Ҳамчунин, дар моҳи мубораки Рамазон шаби Қадр ҳаст, ки бартарини шабҳост. Маҳз дар ҳамин шаб, китоби муқаддаси Қуръон нозил шудааст.

Фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон зиёд аст ва метавон дар бораи он соатҳо ҳарф зад.

Ман аз ҳамаи мусалмонон, ки дар ин моҳ рӯза медоранд, даъват мекунам, ки гуноҳҳои ҳамдигарро бубухшанд, бо касе қаҳрӣ бошанд оштӣ кунанд, онҳое, ки дар дил бухлу кина доранд, ба касе ҳасад мебаранд ва дорои дигар хислатҳои зишту нопок ҳастанд,  моҳи мубораки Рамазон имкон медиҳад, ки ботини худро тоза намоянд.

-Домуллои азиз, чун солҳои қаблӣ Рамазони имсола ҳам, дар шароити пандемия меояд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон чанд вақти охир ягон гирифторӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ягон нафар аз он эмин нест. Бинобар ин, Рамазони имсоларо чӣ тавр бояд паси сар кунем?

-Мо ба ҳамаи масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъ тавсия медиҳем, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд, намозгузорон ҳатман бо ниқоби тиббӣ вориди масҷид шаванд, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода баранд ва дар масҷидҳо корҳои уфунӣ гузаронанд. Илова бар ин, фосилаҳо бояд дар сафи намоз ҳатман риоя карда шавад. Ҳамчунин, ҳар он чизе, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 тавсия кардааст, риоя мекунем.

-Яъне имсол намози таровеҳ баргузор мегардад?

-Иншоолоҳ. Зеро то ҳол Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 монеае барои баргузории намози таровеҳ пешниҳод накардааст. Чун, феълан, дар ҷумҳурии мо короновирус ба қайд гирифта нашудааст, умед дорем, ки намози таровеҳ ва дигар намозҳо бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор мешаванд. 

-Суоле, ки бисёриҳо дар арафаи моҳи Рамазон медиҳанд, ин аст. Оё нафароне, ки намози панҷвақта намегузоранд, намози таровеҳ хонда метавонанд?

-Намоз хондан, яъне пок шудан аз гуноҳ аст. Шариати ислом ҳеҷ вақт дар ҳеҷ шакл нафареро аз намоз хондан манъ накардааст. Агар чи хондани намози панҷвақта фарз аст ва намози таровеҳ суннат ё суннати муаккада, аҷру подоши зиёд дорад, лек на ба баробари он намозҳои фарзи панҷвақта. Агар нафаре, ки рӯза гираду намози панҷвақта нахонад, Худованд тавфиқаш диҳад, нафари рӯзадор ҳатман намози таровеҳ хонад, хоҳ узрнок бошад хоҳ беузр.

-Киҳо бояд дар моҳи Рамазон рӯза нагиранд?

-Шариати ислом мегӯяд, ҳар беморие, ки бо гирифтани рӯза авҷ мегираду ҳаёти беморро ба хатар мебарад, рӯза гирифтан аз гардани ӯ соқит аст. Ва агар шахс шифо ёфт як рӯзи муайян ва ё чанд рӯзе, ки рӯзаашро хӯрдааст, онро қазо бидорад. Таъкид мекунам, фақат бо тавсияи духтур рӯза гирифтан аз сари бемор соқит мешавад.

Дар баробари ин, дини Ислом ба модароне, ки ҳамлашон наздик аст, иҷозат медиҳад, ки рӯза нагиранд, агар табиб бигӯяд, ки рӯза гирифтан ба модар ва ҷанини батнаш зиён меоварад. Ҳамчунин, модаре, ки тифли навзоди ширхора дорад, набояд рӯза бигирад. Заноне, ки бемории моҳона мешаванд, дар давраи беморӣ рӯза гирифтанашон қатъиян манъ ва макруҳ аст. Пас аз рамазон бояд қазои рӯзаашонро бигиранд.

Дини Ислом боз ба инсонҳое бартарият медиҳад, ки дар ҷойҳои хеле вазнину муҳим кор мекунанд ва агар як рӯз кор накунанд, бар зарари ҷомеа ва ё оила мешавад. Ин нафарон дар замони кор, яъне дар вақте ки маъзур ҳастанд, метавонанд рӯза нагиранд ва пасон дар рӯзи мувофиқ рӯзаи қазоии худро медоранд.

-Бубинед, фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии мо дар ҳоли ҳозир ҳам муҳим, ҳам хатарнок ва ҳам вазнин аст, зеро дар давлатҳое ҳастанд, ки мавҷи каронавирус хомӯш нашудааст. Оё барои барои онҳо ягон сабукӣ ҳаст?

-Агар мутахассис гӯяд, ки рӯза доштан сабаби гирифторӣ ба COVID-19 мешавад, дар ин сурат шариати ислом барои пешгирии хатар иҷозат медиҳад, ки рӯзаашонро бихӯрад, вале ҳатман қазояшро бидорад. Дар дигар ҳолат бояд рӯза бигирад.

-Маъракаи ифтор дар Рамазони имсола чӣ гуна бояд сурат бигирад?

-Дар бисёр кишварҳои дунё тавсия шудааст, ки аз ифтори дастаҷамъона худдорӣ кунанд, аммо дар мо то ҳол ягон дастур дар ин маврид содир нашудааст. Баргузории маъракаи ифторро Кумитаи дин, танзими анъана ба ҷашну маросимҳо танзим мекунад.  

-Фитри рӯза, фидияи савм ва закоти мол дар соли 2021 чӣ гуна муқаррар шудааст?

-Фитри рӯза соли гузашта 5 сомонӣ буд, аммо имсол чун нархи гандум боло рафт, 6 сомонӣ муқаррар шудааст. Фидияи савм, ки ба нафарони солхӯрдаву барҷомонда, ки имкони рӯза гирифтан надоранд, пешбинӣ шудааст, барои як рӯз 12 сомонӣ ва дар 30 рӯз, 360 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳисоби закоти имсол аз рӯйи 25 ҳазори сомонӣ аст. Ҳар инсоне, ки дар пасандозаш маблағи нақд ё ҳар чизи қиматбаҳое, зиёда аз 25 ҳазор сомонӣ арзиш дорад, нигоҳ медорад 2,5 фоизи онро закот медиҳад, яъне аз 1000 сомонӣ, 25 сомонӣ.

-Ташаккур, ки даъвати моро барои суҳбат пазируфтед?

-Саломат бошед. Ба тамоми мардуми Тоҷикистон омад-омади моҳи раҳмату мағфират, моҳи шарифи Рамазонро табрик мегӯям ва дуо мекунам, ки мардуми мо осудаҳол ва кишвари мо обод бошад.

Мусоҳиб Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *