Аз номзади илм то муовини раис. Шарифӣ 50 – сола шуд

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон  50 – сола шуд. Ӯ  6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст.

Номбурда хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолиятро  дар шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ оғоз бахшидааст.

Сипас, солҳои 2001-2002 — сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, солҳои 2002-2003 — мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ, солҳои 2003-2003 — муовини сардори Идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, солҳои 2003-2006 — сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, солҳои 2006-2013 — сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, солҳои 2014-2016 — мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Баъдан, солҳои 2016-2020 — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия буд.

Аз моҳи январи соли 2020 то ҳол муовини раиси вилояти Хатлон аст. Фирӯза Шарифӣ ба фаъолияти илмӣ низ машғул буда, соли гузашта рисолаи номзадиашро дар риштаи иқтисод дифоъ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *