Дар Бохтар бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ бунёд мешавад

Дар шаҳри Бохтар ба корҳои сохтмонии бинои баландошёнаи истиқоматӣ оғоз карданд. Иншооти мавриди назар барои кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар бунёд мешавад.

Дар маросими гузоштани санги асоси бино Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ва Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ иштирок карданд.

Иншоот аз ҳафт ошёна иборат хоҳад буд. Дар ошёнаи аввал Маркази савдо ва хизматрасонӣ ташкил мешавад. Дар боқимонда ошёнаҳои бино барои кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи истиқоматӣ месозанд.

Бунёди иншооти мавриди назар дар доираи истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ин рӯз масъулин аз қисми низомии 3503-и Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дидан карда, бо шароити хизмативу маишии афсарону сарбозон шинос шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *