Резаахбор: Аз чемпионати Португалия то медали тиллои Сомон

Аз 4 то 7-уми октябр дар Одивелоси Португаля дар доираи «World Judo Tour» Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он 9 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд. Инҳо Фазлиддин Садриддинзода (-66 кг), Абубакр Шеров (73 кг), Муҳиддин Асадуллоев (73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (81 кг), Сайфидин Сайфидинзода (81 кг), Сомонӣ Кишваров (90 кг), Умедҷон Раҷабов (90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (100 кг) ва Иброҳимҷон Элмуродов (100 кг) ҳастанд.

***

Аз 3 то 8-уми октябр дар Белорус Мусобиқаи байналмилалии рушди UEFA баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби футболи наврасони то 15-солаи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов иштирок мекунад. Наврасони Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби наврасони Русия бозиро бо ҳисоби 0:4 бохтанд, акнун, бо Белорус (5-уми октябр) ва Қирғизистон (8-уми октябр) бозӣ хоҳанд кард.

***

Дар рўзи 11-уми Бозиҳои осиёии Ҳонгжу-2022 рақобатҳо аз риштаи куштии юнону румӣ оғоз шуданд. Паҳлавони тоҷик дар вазни 67 кг Фирўз Мирзораҷабов бо ҳисоби 10-0 аз Катсуаки Эндои ҷопонӣ шикаст хўрд. Дар вазни 60 кг Асламҷон Азизов бо ҳисоби 8-5 аз қаҳрамони ҷаҳон Шаршанбеков Жоламани қирғиз мағлуб шуд. Дар вазни 87 кг Суҳроб Абдулҳаев бо ҳисоби 9-1 аз Сунил Кумари ҳиндӣ мувоҷеҳи шикаст шуд.

***

Навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар мусобиқаи «Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023» дар шаҳри Шанхайи Чин соҳиби медали тилло шуд. Ин мусобиқа дар намуди ҷудо ва ҷиу-ҷитсу-грэпплинг баргузор шуд, ки дар он варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни то 30 кг иштирок карда, пирўз шуд. Сомон ду рақиби худро аз Чин мағлуб карда, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *