Аз омӯзиши забони арабӣ то мавзӯи бурсияҳо дар мулоқоти Саидзода бо Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон

Имрӯз, 16 октябр вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон вохӯрд.

Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, қайд намуд, ки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар асоси “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм” ба роҳ монда шуда, сол то сол рушд намуда истодааст.

Дар навбати худ Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон омодагии ҷониби Шоҳигарии Арабистони Саудиро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз дошта, оид ба ҳамкории тарафҳо дар самтҳои мухталифи соҳаи маориф ишора намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар вохӯрӣ масъалаҳои дигар, аз ҷумла, бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, омӯзиши забони арабӣ, эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилӣ ва унвонҳои илмӣ, тарҷума ва нашри асарҳои барҷастаи адабӣ ва корҳои илмӣ, таъсиси гурӯҳҳои таҳқиқотии муштарак ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *