Шоҳмотбози Озарбойҷон чемпиони ҷаҳон шуд

Шоҳмотбозони Озарбойҷон баромади муваффақонаи худро дар нахустин чемпионати ҷаҳон оид ба рапид ва блитс байни ҷавонон, ки имрӯз дар Италия ба охир расид, идома доданд.

Магомед Мурадлӣ дар 11 давр 9,5 имтиёз ба даст оварда, дар мусобиқаи блитс ҷои 1-умро гирифт. Ёдовар мешавем, ки қаблан Гавҳар Бейдуллоева чемпиони ҷаҳон оид ба суръати тез шуда буд. Дар блитс имрӯз Гавҳар низ тавонист ба минбар барояд. Вай 7,5 хол ба даст оварда, барандаи медали биринҷӣ гардид.

Бояд гуфт, ки Бейдуллоева соли гузашта чемпиони ҷаҳон оид ба классикӣ мебошад.

Дар чемпионати ҷаҳонии ҳозира дар Италия Озарбойҷон соҳиби  ду медали тилло ва як биринҷӣ гардида, Ҳиндустону Қазоқистон яктоӣ тилло ба даст оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *