Аз омӯзгорӣ то ҳамнишинӣ
бо устодон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Бобоҷон Ғафуров ва даҳҳои дигар
Хуфтан вориди ҳавлии Холмурод Шарифов шудем ва дареро кӯфтем. Аз ҷониби рости ҳавлӣ садое омад:
— Кист?
— Мо рӯзноманигорон, — гуфтему он сӯ қадам гузоштем. Дар дари даромади хонаи якошёнаи пахш, дар оғӯши торикӣ Холмурод Шарифов меистод. Ӯ моро шинохт ва барои ворид шудан ба хона даъват намуд. Хона паст буд, ба истилоҳи мардуми зодгоҳаш Кулолӣ, нуҳболор, ки ба сифати меҳмонхона хизмат мекард. Ороиши деворҳои он аксҳои Холмурод Шарифов бо устод Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Бобоҷон Ғафуров… буданд, ки дар чорабиниҳои гуногуни давлатӣ рӯйи тасвир омаданд. Аз дохили он ба ҳуҷраи кучаки дигар ворид шудем. Дар он ҷо рахти хоб, мизи корӣ ва рафҳои пуркитоб меистоданд. Рӯи рахти хоб ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мехобид.
— Ташаккур. Хондам, дар мавлудномаи «Тоҷикистон» зодрӯзи маро зикр кардаед 12 феврали соли 1927.
Боз мо дубора дар рӯ ба рӯи акси устод Садриддин Айнӣ, ки дар паҳлуяшон Холмурод Шарифов қарор доштанду бо ҷиддият суҳбат мекарданд, қарор гирифтем.
Зодрӯзи Айнӣ ва палави комсомолӣ
— Бори аввал устод Айниро соли 1950 дида будам. Он кас аз минбар суханронӣ мекарданд. Баъдан борҳо дар ҷамъомаду нишастҳо ба дидори он кас мушарраф шудам. Аммо, шиносоии бевоситаам бо устод, соли 1952 иттифоқ афтод. Ман дар Комитети Марказии комсомол кор мекардам ва боре бо котиби якум Маҳмудбек Нарзибеков ба Маскав сафар доштам. Дар вақти бозгашт иттифоқан ба вагоне нишастем, ки дар он устодон Айниву Турсунзода буданд. Чанде баъд аз ҳаракати қатора барои ғизо хӯрдан вориди вагон- тарабхона шудем. Устодон Айниву Турсунзода паси мизе менишастанд. Устод Турсунзода баробари маро дидан даъват карданд, ки паҳлуяшон нишинам. Пешхизмат хӯрок овард. Устод Айнӣ баъди як қошуқ аз он чашидан косаро ба гӯшае тела доданд. Ба фикрам хӯрок ба табъашон хуш наомад. Турсунзода пурсиданд:
-Устод, чаро хӯрок намехӯред? Иштиҳо надоред, ё хӯрок ба табъатон нафорид?
— Диққат надеҳ, Мирзо, — нимтабассум карданд устод Айнӣ.
— Не, шумо набояд гурусна монед, имрӯз зодрӯзатон аст, бояд моро зиёфат диҳед, — гуфанд Мирзо Турсунзода.
— О, дар ин вагон шароит нест. Шумо шароит муҳайё кунед, харҷаш ба гардани ман, — гуфтанд, устод Айнӣ.
— Як ош ташкил кунем- чӣ? – Турсунзода як ба мо нигоҳ кардаву як ба устод Айнӣ ва ишора ба ман карда, идома доданд: комсомоламон чақон, зуд ташкил мекунанд.
Ман чӣ гуфтанамро надонистам. Палов он тараф истад, дар умрам атола ҳам напухта будам. Ҷои сухан гуфтан набуд. Аз ҷой хестам ва ба назди сарошпази тарабхонаи қатора рафтам.
— Дег надорем, дар шароити мо бо кострюл палов пухтан намешавад, худам ҳам палов напухтаам. Шояд Марям тавонад, — гуфт ӯ.
Марям қазоқзан, ошпази вагон буд. Ба ӯ воқеиятро фаҳмонидам. Гуфтам, ки мо ҳамсафари Садриддин Айнӣ ҳастем, зодрӯзашон аст, мехоҳем барояшон палов пазем.
-Мепазам, — гуфт ӯ ва илова кард,- Ман Айниро медонам, ба шарте ош мепазам, ки китобашонро бо соядасташон бароям туҳфа кунӣ.
Ман хурсанд шудам ва хоҳишашро пазируфтам, барояш дастёрӣ кардам ва ошро пухтем. Купеи устод Айнӣ аз ресторан 6 вагон дуртар буд. Ман ба хотири зудтар ошро ба устод расонидан берун омадам. Ин дам қатора ба ҳаракат даромад. Ман давида, базӯр аз дастаки дари даромади вагон қапидам ва бо шикамам кострюли ошро зер карда доштам. То омадани дарбон либосам сӯхт. Вақте ошро бурда, рӯйи миз мондам, устодон Айниву Турсунзода ва Нарзибеков дар ҳайрат монданд. Вақте аз асли воқеа хабардор шуданд, устод Айнӣ маро сарзаниш карданд:
— Писарам, ба хотири ош ҷонатонро дар хатар мондед, ин хуб нест.
Турсунзода, ки ош мекашиданд:
— Ҳеҷ гап не, устод, комсомолони мо ғаюранд, — гуфтанду гапро ба дигар тараф бурданд.
Ҳамин тавр, зодрӯзи устод Айниро якҷоя дар купе ҷашн гирифтем. Ин буд шиносоии аввалини ман бо Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ.
Турсунзода минбар буданд
— Бо устод Мирзо Турсунзода чӣ гуна шинос шудед?
— Ман ҷониши мудири шуъбаи идеологии Комитети Марказӣ будам. Бо тақозои кор бо шоирону нависандагон зиёд вомехӯрдем. Турсунзода зиёд ба Кумитаи Марказӣ меомаданд. Вақте меҳмононашон меомаданд, аз Комитети Марказӣ маро даъват мекарданд. Ҳамроҳ меҳмононро ба дараи Ромиту Варзоб мебурдем. Ҳамин тавр бо ҳам унс гирифтаву дӯст шудем. «Одам одамро дар сафар мешиносад», — мегӯянд. Ману Мирзо Турсунзода ҳамроҳ барои ширкат дар конференсияи байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо ба шаҳри Боку сафар кардем. Аз Тоҷикистон ман роҳбари делегатсия будам. Кори конфронс бо суханронии Мирзо Турсунзода оғоз ёфту ман бошам, дар охири конфронс маърӯза кардам. Засохов, раисикунандаи конфронс бо шӯхӣ гуфт: «Тоҷикон дар назди мо соҳиби мақоми баланданд. Чунки як тоҷик конфронсро ифтитоҳ кардаву тоҷики дигар онро ба охир расонид». Мирзо Турсунзода одами беназир буданд. Бо вуҷуди он ки шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд, бисёр хоксор буданд, ҳавобаланд набуданд. Вақте падарам гузаштанд, эшон аз аввалин нафароне буданд, ки барои ҳамдардӣ омаданд ва дар китфи ман истоданд.
— Чӣ гуна Мирзо Турсунзода соҳиби эътибору нуфузи баланд шуданд?
— Турсунзода минбар буданд. Минбари тоҷикон. Эшон ҳамаи меҳмононро бисёр хуб пазироӣ мекарданд, дар конфронсҳои байналмилалӣ баромадҳои пурмуҳтаво мекарданд, шеъру достонҳои баландмазмун офариданд. Ҳамин тавр байни мардуми ҷаҳон шуҳрат пайдо карданд. Эшон эътибори баланд дошатанд. Дар Иттифоқи Советӣ раиси Шӯрои якдилии Осиё ва Африқо буданд. Як хотираро нақл мекунам, ки далели шуҳрати ҷаҳонии Турсунзода аст. Боре ба Амрикои Лотинӣ сафар доштам. Аммо гумон надоштам, ки дар он ҷо Тоҷикистонро медонанд. Вақте маро дар фурудгоҳ пешвоз гирифтаву аз шиносномаам фаҳмиданд, ки тоҷикистониям, аввалин суолашон чунин буд: Шумо Турсунзодаро мешиносед? Вақте гуфтам, ки бале, мо ҳамкору рафиқем, маро ҷойи шинондан намеёфтанд. Чунон эҳтиром мекарданд, ки гуфтан надорад. Шоири бузурги советии рус Николай Тихонов дар васфи Турсунзода як манзума навишт. Матни пурраи он дар ёдам нест, аммо маънояш чунин аст, ки кӯҳҳои Помир сар ба фалак кашидаанд, аммо шуҳрати ту аз он ҳам болотар аст, дар Порису Ҳинду Африқо, умуман тамоми дунё доман паҳн кардааст. Маънӣ, ту бузургтар аз кӯҳҳои помирӣ.
Аз «Гард дар миҷгон» то Иттифоқи нависандагон
Муаллифон ба Холмурод Шарифович ҷомаи зардӯзӣ мепӯшонанд…
— Холмурод Шарифович, шумо дар баробари ходими сиёсиву ҷамъиятӣ будан, нависандаву публитсист ҳастед. Чӣ сабаб шуд, ки як ходими давлатӣ ба нависандагӣ даст зад?
— Мо ҳамроҳи 30 нафар аз аҳли фарҳангу ҳунар, аз ҷумла Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Ғаффор Валаматзода, Ҷӯрабек Муродов ва чанд нафари дигар ба Даҳаи адабиёт ва санъат ба Афғонистон рафтем. Баъди бозгашт касе аз ман хоҳиш кард, ки таассуроти сафарамонро нависам. Ман ҳам навиштаму номашро «Гард дар миҷгон» мондам. Мавод дар рӯзнома чоп шуду, Икромӣ онро писандиданд. Улуғзода, ки ҳамсояам буданд, маро дида гуфтанд: «Ай ҳамсоя, шумо нони моро нимта карданиед… Маводро хондам, бисёр нағз. Навиштанро идома диҳед». Ман ҳам навиштан гирифтам. Бинам, ба одамон мақбул афтод. Ҳамин тавр то имрӯз қариб 7-8 китоб чоп кардам. Як рӯз Сотим Улуғзода талқин карданд. ки ҳуҷҷатҳоямро ба аъзогии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон супорам. Ҳамин тавр бо пешниҳоди чор бузургвор: Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ ва Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ ба Иттифоқи нависандагон шомил шудам.
— Номзади илмҳои фалсафа ҳам ҳастед?
— Бале, унвони дотсентӣ дорам. Дар донишгоҳ се сол дарс гуфтам. Аз материализми диалектикӣ.
— Диалектика?
— Бале, аз диалектика, мағзи фалсафаи Гегел.
Зиёдаравӣ накардам
— Устод, сири дарозумрии шумо дар чист?
— Душвор аст ҷавоб додан. Зиёде аз шиносҳоям, ба фикрам, аз зиёдаравию зиёдхӯрӣ мурданд. Мисол, бархе аз шаробнӯшии зиёд, бархе бо сабаби талаби зиёд аз зиндагӣ доштан. Аммо ман бошам, ҳамеша андоза нигаҳ медоштам. Эҳтимол сабабаш дар ҳамин бошад.
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,
Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дӯст.
— Дар 90-солагӣ инсон дар бораи чӣ фикр мекунад?
— Дар бораи кардаву накардаҳо.
— Чист оне, ки мехостед кунеду аммо накардед?
— Вазифаи як мард чист? Хона бунёд кардан, кардам. Фарзанд ба камол расонидан, расонидам. Соҳибватан будан, Ватан дорам. Ба он хизмат кардан,мувофиқи тавонам хизмат кардам.
— Шумо на танҳо эҷодкор, бунёдкор ҳам ҳастед. Кормандони соҳаи табъу нашр то имрӯз аз шумо миннатдоранд.
— Ҳар роҳбар бояд аввал дар андешаи зердастонаш бошад. Вақте ки талаб мекунӣ, шароит ҳам муҳайё кун. Муддате раиси Кумитаи табъу нашр будам ва аввалин бинои кумитаро сохтем. Дар хиёбони ба номи Неъмат Қаробоев. Он замон яке аз биноҳои зеботарин дар Душанбе буд. Қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо матбаа сохтем, таҷҳизот овардем. Ҳатто дар Мурғоб. Барои кормандони матбуот дар хамгашти аэропорт ду бинои нуҳошёна, дар километри 7 — ум ду бинои панҷошёна сохтем. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ як нашриёт буд, боз чанд нашриёти нав кушодем. Ҳамин тавр, мувофиқи қудрату тавон баъзе корҳоро ба сомон расонидем. Аммо вақтҳои охир фикр мекунам, ки магар ин кифоя буд? Ё ман корҳои дигареро карда метавонистам?
-Гуфтед, ки хизмат ба Ватан рисолати ҳар мард аст. Ин хизмат дар чӣ ифода меёбад?
-Содиқона ва масъулият. Дар кадом мақому мартаба будан муҳим нест. Муҳим он аст, ки дар сатҳи худ ту чӣ хидмате ба миллат кардӣ. Як рисолати дигари ҳар фард наозурдани дили дигарон аст.
— Буд ҳолате, ки шумо дил озурда бошед?
— Эҳтимол. Баъзан бе ин намешавад. Аммо эътирофи гуноҳ рафъи гуноҳ аст. Аз чунин амал изҳори пушаймонӣ мекардам, афсӯс хӯрдаам, узр мепурсидам.
Аз муаллимиам ифтихор дорам
— Шумо дар вазифаҳои зиёди ҳизбиву давлатӣ кор кардед, аммо кадом коратон то имрӯз дар хотиратон бештар нақш бастааст?
— Муаллимӣ. Пештар мактбаҳои маҳви бесаводӣ буд. Ман кӯдак будам, тахминан 15, дар интернат таҳсил карда будам, савод доштам. Бинобар ин, дар мактаби шабона муаллимӣ мекардам. Дар мактаби шабона мӯйсафедону занони калонсол таҳсил мекарданду аз ман миннатдор буданд ва маро эҳтиром мекарданд. Он замон мавқеи муаллим бисёр баланд буд. Ман то ҳол ифтихор мекунам, ки муаллим будам.
— Шумо ҳам муаллим будед, ҳам масъули соҳаи идеология. Чаро имрӯз мавқеи муаллим дар ҷомеа паст аст?
-Гардиши дунё чунин шуд, ки имрӯз мақоми мулло аз муаллим баланд гардад.
— Ин хуб аст ё бад?
-Бисёр бад. Зеро тафаккури мулло тафаккури зараровар аст. Чанд вақт пеш як ҳамсояи мо маърака карду маро хабар доданд. Ман рафта 10- 15 дақиқа нишаста будам, ки як муллобачаи ҷавон омада, аз ман боло гузашта нишаст. Қаҳрам омад, зеро ӯ баробари набераам буд. Ба ӯ таваҷҷӯҳ накардаму чанде нишастем, ки як ҳамсояи дигарамон ворид шуд. Муллобача аз ҳамсоя пурсид, ки чаро шумо ҳаҷ намеравед. Вай ғурум-ғурум карда, чизе ҷавоб дод. Ман гуфтам, ки писарам, гӯш кун, ин мардак се писари безан дорад, шароиташ намерасад. Вай бошад гапгардонӣ кард. Ман асабӣ шуда, гуфтам: магар муллогӣ касб аст? Ту муллои бефаросат набошӣ, ҳамин қадар мӯйсафедони дар ин нишастаро ҳурмат накарда, болои хона мегузарӣ. Хез аз маърака дафъ шав!
Магар мешавад, ки тафаккури ҷомеаро бо инҳо рушд дод? Албатта, не! Мавқеи муаллим бояд баланд бардошта шавад.
— Пас чӣ бояд кард?
— Кор мебояд кард. Ҳама бетафовут шудаанд. Кори ман чи, ҳукумат кунад, мегӯянд. Ҳукумат кист, мову шумоем. Албатта, ин ҷо як барномаи давлатӣ мебояд. Аслан худи муаллимон ҳам барои коста шудани мавқеашон бегунаҳ нестанд.
— Аз нав ҷавон мешудед, кадом касбро интихоб мекардед?
— Деҳқон мешудам, деҳқониро дӯст медорам.
— Деҳқонӣ ҳам кардаед?
— Бале. Дар водии Вахш. Падарам солҳои сӣ ба водии Вахш омада буданд. Ман дар ҳозира Бохтар калон шудам, худамро шинохтам ва нону ном ёфтам. Ду бародару ду хоҳар будем. Ҳама содиқ ба ин хок мондем, касе макони зисташро дигар накард, дар ҳамин ноҳия зиндагӣ доранд.
— Дӯстони зиёд доштед, онҳо имрӯз ҳам дидорбиниатон меоянд?
— Аслан дӯст зиёд намешавад. Апаи Низорамоҳ Зарипова, Бобохон Маҳмадов, Қудратов ва Каримов аз Шӯрои ветеранҳо, нависанда Ӯрун Кӯҳзод. Зиёде аз дӯстонам аз дунё рафтанд. Ашӯр Сафар, Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Шодӣ Саидов, Ғаффор Валаматзода… ёдашон ба хайр.
— Имсол Соли ҷавонон аст. Ба онҳо чӣ насиҳат доред?
— Хонед, соҳиби касб шавед, Ватанро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунед.
-Нависандаи дӯстдоштаатон кист?
— Аз тоҷикон Сотим Улуғзода, аз ҷаҳон Теодор Драйзер. Аз шоирон Лоиқ Шералиро дӯст медорам.
— Шумо ба орзуятон расидед
— Не, гуфта наметавонам.
— Ҳоло чӣ орзу доред?
— Орзу дорам, ки дигар ҷанг нашавад.
Шарифи Ҳамдампур,
Одили Нозир,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ