Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба Соли ҷавонон ва Рȳзи Артиши миллӣ

Бахшида ба соли 2017- Соли ҷавонон ва Рȳзи Артиши миллӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди турниккашӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ҷаҳидан ба дарозӣ байни донишҷȳён баргузор гардид.

Мақсади баргузор намудани чорабиниҳои варзишӣ пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани донишҷȳён ба варзиш, тайёр намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва интихоби варзишгарони болаёқату бомаҳорат барои иштирок дар мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.

Дар мусобиқаҳои зикршуда донишҷȳёни ҳамаи факултетҳои донишгоҳ бо сару либоси ягонаи варзишӣ ширкат варзиданд. Аз турниккашӣ ҷои якум Сайфуллозода Бобоҷон- донишҷȳи курси 1, ҷои дуюм Саидзодаи Ҳайдар — донишҷȳи курси 1, аз вазнбардорӣ ҷои якум Ғаниев Парвин — донишҷȳи курси 1, ҷои дуюм Ашуров Абдуҷаббор — донишҷȳи курси 1, аз намуди турниккашӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва ҷаҳидан ба дарозӣ ҷои якум дастаи факултети — МИБ ва ҳуқуқ, ҷои дуюм  дастаи факултети  иқтисодиёт ва менеҷмент дониста шуда, ғолибон аз тарафи Раёсати донишгоҳ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *