Аз Сада то Наврӯз. Нашри китоби олими тоҷик дар Эрон

Китоби адабиётшиноси маъруфи тоҷик Нуралӣ Нурзод таҳти унвони “Аз Сада то  Наврӯз” дар остонаи таҷлили ҷашни куҳани миллии мо — Сада тавассути нашриёти “Хирадгон” дар Теҳрон ба чоп расид.

Дар ин китоб мақолоте фароҳам омадаанд, ки ба таҳқиқу баррасии  сарнавишти таърихии ду ҷашни бузурги қадимаи мо — Сада ва Наврӯз, заминаҳои зуҳур, сууд ва суқут дар даврони мухталифи таърихӣ, эҳёи дубораи ин падидаҳои нодири фарҳангии мо дар замони истиқлоли миллӣ, шукуҳи таҷлили ин ҷашнҳо ва оинҳои пурғановаташон дар миёни тоҷикон, бозтоби онҳо дар адабиёти миллии куҳани мо ихтисос ёфтаанд. Ба китоби мазкур Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, увзи вобастаи АМИ Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ пешгуфторе таҳти унвони “Сада ва Наврӯз: ҷашнҳои куҳан бо шинохт аз завоёи дигар”навишта, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки “Китобе, ки ҳамакнун таҳти унвони “Аз Сада то Наврӯз” ба чоп мерасад, сурати такмилёфта ва бо иловаи мақолоти дигари нашри қаблии он, ки дар Тоҷикистон интишор ёфта буд, мебошад. Умедворем, ки тавассути мутолеаи ин асар ҳамзабонони мо дар баробари доштаву донистаҳои фаровони хеш аз Наврӯзу Сада аз ҳайсияту фазилат ва суннатҳои нодири ин ҷашнҳо миёни мардумони Фароруд, хоса тоҷикон, сарчашмаҳои шинохти ин оинҳои аҷдодӣ дар сарзамини устод Рӯдакӣ, Нақибхон Туғралу Садриддин Айнӣ, яъне марзҳои дигари забону адабиёти форсӣ огоҳӣ хоҳанд ёфт”.  

Китоб дар умум аз се бахш таркиб ёфта, маҷмуан 10 мақолаи муаллифро роҷеъ ба муҳимтарин вежагиҳои ин ду ҷашни куҳан, аз ҷумла суннати Сада ва Наврӯз, наврӯзноманависӣ дар адабиёти форсии Фароруд аз оғоз, яъне аз оинномаҳои тоисломӣ, “Наврӯзнома”-и Ҳаким Тирмизӣ то “Сайри ширбадан”-и устод Садриддин Айнӣ, таъсири наврӯз бар фарҳанги мардумони дигар ва таҷлил дар миёни ин ақвом, бозтоби баҳору наврӯз дар шеъри Бедил ва пайравони ӯ баҳс мекунанд.

Ёдовар бояд шуд, ки китоби мазкур бори нахуст зери назари академик Носирҷон Салимӣ соли 2019 бо хати кириллӣ дар нашриёти «Ношир» ба нашр расида, соли 2022 муаллиф барои ин асар дар фестивали байналмилалии адабии «Авруосиёи кушода» дар шаҳри Мелбурн (Австралия) дар номинаи «Кори академикӣ» соҳиби ҷоиза гардида буд. 

Ёдовар мешавем, ки донишманди шинохтаи тоҷик профессор Нуралӣ Нурзод дар баробари таҳқиқи масоили мухталифи адабиёти классикӣ ва муосир солиёни зиёдест, ки ба таҳқиқи фарҳанги мардуми тоҷик, аз ҷумла ҷашнҳои қадимии тоҷикон — Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон машғул аст. Китобҳои ӯ “Аз Сада то Наврӯз” (Хуҷанд, 2019), “Наврӯзномаи Суғд” (2016, бо алифбои кирилӣ ва форсӣ) ва “Сада оғози соли ориёист” (2022) дар шинохти ин ҷашнҳои куҳани миллати мо маълумоти фаровону муфид медиҳанд.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *