Аз сарусадоҳо худорӣ кунед! Ба сафсаттаҳо дода нашавед!

Сафорати Ӯзбекистон дар Киев ба ӯзбекистониҳое муроҷиат кард, ки дар Украина ҳузур доранд. Ба иттилои расонаҳо, сафорат аз ӯзбекистониҳои Украина даъват кардааст, ки «иттилои носанҷида паҳн насозанд ва ба хабарҳои дурӯғ эътибор надиҳанд».

Ҳамзамон, дипломатҳо гуфтаанд, ки Cафорати Ӯзбекистон бо мақомоти Украина дар иртиботи доимӣ аст ва дар сурати сар задани ҳодисае аз ӯзбекистониҳо даъват мекунанд, ки бо сафорат иртибот бигиранд.

Дар сафорат илова карданд, ки ширкати ҳавопаймоии Ӯзбекистон ба парвозҳои доимӣ ба Киев идома медиҳад ва хоҳишмандон метавонанд аз Украина ба Ӯзбекистон баргарданд.

Пештар хабар дода шуд, ки бештар аз 30 кишвар аз шаҳрвандонашон хостанд, то Украинаро тарк кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *