Кормандони МИҲД-и шаҳри Турсунзода дар “Сафед-дара”

Кормандони шуъбаву зерсохтори МИҲД-и шаҳри Турсунзода дар якҷоягӣ бо ширкати сайёҳии минтақавии «Шумон тур» саёҳати дастаҷамъонаро тавассути хатсайри «Сайре ба Сафед-дара» роҳандозӣ намудаанд.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Турсунзода, тавассути хатсайр 48 нафар аз мавзеъҳои ҷолибу ҷаззоби ин минақаи сайёҳӣ боздид ба амал оварда, ҳамчунин бо имкониятҳои мавҷуда ва сатҳи хизматрасонии сайёҳӣ ошноӣ пайдо кардаанд.

— Гардишгарон дар оғоз аз боғи ҳайвонот, минтақаҳои махсуси истироҳативу фароғатӣ дидан карда, аз хӯроку хӯришҳои милливу аврупоӣ тавонул намуданд. Аз андешаҳои туристон чунин маънӣ бардошта шуд, ки лаҳзаву соате фориғ аз кору дар оғӯши табиати ватан будан, болотару волотар аз дигар саргармиҳост,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *