Аз Сарвазир то раису вазир дар маҷлиси Ҳукумат. 10 акси ҷолиб (аудио)
Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2021 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд. Маҷлис таҳти раёсати Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар кори он роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ