Садамаи ду «Мерседес-Бенс» боиси марги се нафар шуд (аудио)

Бино ба иттилои ВКД, дар роҳи мошингарди «Исфара-Конибодом-Ғафуров» садамаи маргбор бо иштироки ду «Мерседес-Бенс» ба амал омад, ки дар натиҷа се нафар ҳалок шуданд.

Гуфта мешавад, ки 20-уми январи соли 2022, тахминан соати 07:30 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Сатторов Абдулаким Абдувосидович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Исфара-Конибодом-Ғафуров» бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда Ҳайдарзода Абдувосит Ғанӣ, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Конибодом бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандагон Ҳайдарзода А. Ғ., Сатторов А. А. ва мусофири автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Қаюмова Муслимахон Ҳасанбоевна, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Исфара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мусофирони дигари автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Сатторов Абдухолиқ Ҳасанбоевич, соли таваллудаш 1970, Исматова Таборахон Ҳасанбоевна, соли таваллудаш 1969 ва Сатторова Умидахон Ваҳобовна, соли таваллудаш 1940, сокинони шаҳри Исфара ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *